bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 14
Deuteronomy 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 15 →
1
Шумо писарони Худованд Худои худ ҳастед; барои мурдагон бадани худро харош накунед, ва мӯйҳои пешонии худро, ки аз болои чашмон аст, натарошед.
2
Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ.
3
Ҳеҷ чизи зиштро нахӯр.
4
Ин аст ҳайвоноте ки метавонед бихӯред: гов, гӯсфанд ва буз,
5
Оҳу ва ғизол ва гавазн, ва бузи кӯҳӣ ва зубр, ва қутос ва говмеш.
6
Ва ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.
7
Аммо инҳоро аз кавшакунандагон ва сумдорон нахӯред: шутур ва харгӯш ва заргӯшро, зеро ки онҳо кавшакунандаанд, валекин сумашон қӯшсум нест, — онҳо барои шумо наҷисанд;
8
Ва хукро, зеро ки он сумдор аст, валекин кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст; аз гӯнти онҳо нахӯред, ва ба лошаи онҳо нарасед.
9
Аз ҳар чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дорад, — метавонед бихӯред;
10
Ва ҳар он чи пар ва пулакча надорад, нахӯред, — он барои шумо наҷис аст.
11
Аз ҳар парандаи пок бихӯред.
12
Вале аз инҳо набояд бихӯред: уқоб, ва каргас, ва бургут,
13
Ва калхот, ва шоҳин, ва боз бо зоти он;
14
Ва ҳар зоғ бо зоти он;
15
Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он;
16
Чуғз, ва ибис, ва қу,
17
Ва мурғи саққо, ва лошахӯр, ва бақлон;
18
Ва лаклак, ва куланг бо зоти он, ва ҳудҳуд, ва кӯршабпарак.
19
Ва ҳар ҳашароти болдор барои шумо наҷис аст, набояд онҳо хӯрда шавад.
20
Аз ҳар парандаи пок бихӯред.
21
Ҳеҷ лошаро нахӯред; ба ғарибе ки дар шаҳри туст, бидеҳ, то ки бихӯрад, ё ба аҷнабие бифрӯш; зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ. Бузғоларо дар шири модари он напаз.
22
Аз тамоми ҳосилоти тухмии худ, ки сол ба сол аз киштзор мерӯяд, ушр бидеҳ.
23
Ва ба ҳузури Худованд Худои худ дар маконе ки Ӯ баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро бихӯр, то таълим гирӣ, ки аз Худованд Худои худ тамоми айём бояд битарсӣ.
24
Вале агар роҳ барои ту дур бошад, ба тавре ки натавонӣ онро бардошта барӣ, яъне агар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, аз ту дур бошад, ва Худованд Худоят туро баракат дода бошад, —
25
Пас, онро ба нуқра иваз намо, ва нуқраро ба дасти худ гирифта, ба маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирав;
26
Ва он нуқраро барои ҳар чизе ки дилат ҳавас дошта бошад: барои гов ва гӯсфанд, ва шароб ва бӯза, ва ҳар чизе ки дилат аз ту талаб кунад, бидеҳ; ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд Худои худ бихӯр, ва худат бо аҳли байтат хурсандӣ бикун.
27
Ва левизодаро, ки дар шаҳри туст, тарк накун, зеро ки вай бо ту ҳиссае ва мулке надорад.
28
Баъд аз гузаштани се сол тамоми ушри ҳосилоти худро дар он сол берун оварда, назди дарвозаи шаҳри худ бимон;
29
Ва левизодае ки бо ту ҳисса ва мулке надорад, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри ту мебошанд, омада, бихӯранд ва сер шаванд, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат, ки мекунӣ, баракат диҳад.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34