bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 27
Deuteronomy 27
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 28 →
1
Ва Мусо ва пирони Исроил ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Тамоми аҳкомеро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.
2
Ва дар рӯзе ки аз Урдун ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, убур кунед, барои худ сангҳои бузург барпо намо, ва бар онҳо оҳак бимол;
3
Ва бар онҳо, ҳамин ки убур кардӣ, ҳамаи суханони ин шариатро бинавис, то ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, дохил шавӣ, — ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.
4
Ва ҳангоме ки аз Урдун убур кунед, ин сангҳоро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, бар кӯҳи Эбол барпо намоед, ва бар онҳо оҳак бимол.
5
Ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд Худои худ бино намо, ки қурбонгоҳи сангин бошад; олати оҳанин бар онҳо кор нафармо;
6
Аз сангҳои яклухт қурбонгоҳи Худованд Худои худро бино намо, ва бар он барои Худованд Худои худ қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим кун.
7
Ва курбониҳои саломатӣ забҳ намуда, дар он ҷо бихӯр ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ бикун.
8
Ва бар он сангҳо ҳамаи суханони ин шариатро бо хати равшан бинавис».
9
Ва Мусо ва коҳинони левизода ба тамоми Исроил сухан ронда, гуфтанд: «Сукут намо ва бишнав, эй Исроил! Имрӯз ту қавми Худованд Худои худ гардидаӣ.
10
Пас, овози Худованд Худои худро бишнав, ва аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал овар».
11
Ва Мусо дар он рӯз ба қавм амр фармуда, гуфт:
12
«Ҳамин ки аз Урдун убур кунед, инҳо бояд бар кӯҳи Ҷаризим биистанд, то даме ки қавмро баракат диҳанд: Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор, Юсуф ва Биньёмин.
13
Ва инҳо бояд бар кӯҳи Эбол биистанд, то даме ки лаънат хонанд: Реубен, Ҷод, Ошер, Забулун, Дон ва Нафтолӣ.
14
Ва левизодагон хитоб намуда, ба ҳамаи исроилиён бо овози баланд хоҳанд гуфт:
15
„Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!“ Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: „Омин!“
16
„Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
17
„Малъун бод касе ки марзаи ёри худро вайрон кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
18
„Малъун бод касе ки нобиноеро дар роҳ ба иштибоҳ андозад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
19
„Малъун бод касе ки дар доварии ғариб, ятим ва бева каҷкорӣ кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
20
„Малъун бод касе ки бо зани падари худ бихобад, чунки домани падари худро ошкор кардааст!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
21
„Малъун бод касе ки бо ягон чорпо бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
22
„Малъун бод касе ки бо хоҳари худ, яъне бо духтари падари худ ё бо духтари модари худ, бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
23
„Малъун бод касе ки бо модарарӯси худ бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
24
„Малъун бод касе ки ёри худро дар пинҳонӣ бикушад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
25
„Малъун бод касе ки ришва гирад, то ки ҷоне нобуд гардида, хунаш ба ноҳақ рехта шавад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
26
„Малъун бод касе ки суханони ин шариатро ба ҷо наоварад ва бар тибқи онҳо амал накунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“»
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34