bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 13
Deuteronomy 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 14 →
1
Агар дар миёни шумо набие ё бинандаи хобҳо пайдо шуда, аломате ё мӯъҷизае ба ту нишон диҳад,
2
Ва он аломат ё мӯъҷиза, ки дар бораи он ба ту сухан ронда буд, ба амал ояд, ва ӯ бигӯяд: „Биё, то худоёни дигарро, ки намешинохтӣ, пайравӣ намоем, ва онҳоро ибодат кунем“, —
3
Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?
4
Худованд Худои худро пайравӣ кунед, ва аз Ӯ битарсед, ва аҳкоми Ӯро риоя намоед, ва ба овози Ӯ гӯш диҳед, ва Ӯро ибодат кунед, ва ба Ӯ бичаспед.
5
Ва он набӣ ё он бинандаи хобҳо бояд ба қатл расонида шавад, зеро ки вай дар бораи Худованд Худои ту, ки туро аз замини Миср берун овард, ва туро аз хонаи ғуломӣ раҳо кард, суханони фитнаангез гуфтааст, то туро аз роҳе ки Худованд Худоят ба ту амр фармуд, ки бо он равона шавӣ, гумроҳ созад; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
6
Агар бародарат, ки писари модарат бошад, ё писарат, ё духтарат, ё завҷаи ҳамоғӯшат, ё дӯсти ҷоният туро пинҳонӣ иғво намуда, гӯяд: „Биё, то худоёни дигарро, ки ту ва падаронат намешинохтед, ибодат кунем“,
7
Аз миёни худоёни қавмҳое ки дар гирду пеши шумо мебошанд, хоҳ ба ту наздик, хоҳ аз ту дур бошанд, аз як канори замин то канори дигари он, —
8
Ту ба сухани вай розӣ нашав ва ба вай гӯш надеҳ, ва бигзор чашми ту ба вай раҳм накунад, ва ту ба вай шафқат намуда, варо пинҳон накун,
9
Балки ҳатман варо ба қатл бирасон; бигзор аввал дасти ту барои қатли вай дароз карда шавад, ва баъд дасти тамоми қавм.
10
Варо сангсор кун, то ки бимирад, зеро ки вай мехост туро аз Худованд Худоят, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, дур созад.
11
Ва тамоми Исроил инро шунида, хоҳанд тарсид, ва минбаъд чунин шароратро дар миёни шумо ба амал нахоҳанд овард.
12
Агар бишнавӣ, ки дар яке аз шаҳрҳоят, ки Худованд Худои ту барои сукунат ба ту медиҳад,
13
Шахсони нобакоре аз миёни ту пайдо шудаанд, ва сокинони шаҳри худро ба васваса андохта, гуфтаанд: „Биравем ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, ибодат кунем“,
14
Ту дурустакак ҷустуҷӯ ва тафтиш ва пурсиш намо, ва инак, агар ин ҳодиса рост ва аниқ барояд, яъне дар миёни ту ин амали зишт рӯй дода бошад, —
15
Сокинони он шаҳрро бо дами шамшер сахт зарба бизан; онро бо ҳар чизе ки дар он аст, ва чорпоёнашро бо дами шамшер несту нобуд бикун.
16
Ва тамоми ғанимати онро андаруни майдони он ҷамъ кун, ва шаҳрро бо тамоми ғаниматаш ба исми Худованд Худои худ дар оташ комилан бисӯзон; ва он то абад харобазор хоҳад монд, бори дигар бино нахоҳад ёфт.
17
Ва аз он чи несту нобуд карда мешавад, чизе ба дастат начаспад, то ки Худованд оташи хашми Худро хомӯш карда, ба ту марҳамат намояд, ва ба ҳоли ту раҳмаш омада, туро афзун гардонад, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст,
18
Агар ту овози Худованд Худои худро гӯш карда, тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намоӣ, яъне он чи дар назари Худованд Худои ту дуруст аст, ба амал оварӣ.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34