bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 16
Deuteronomy 16
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 17 →
1
Моҳи абибро риоя намо, ва фисҳро барои Худованд Худои худ ба ҷо овар; зеро ки дар моҳи абиб туро Худованд Худои ту аз Миср шабона берун овард.
2
Ва фисҳро аз гӯсфандон ва говон барои Худованд Худои худ забҳ намо, дар маконе ки Худованд баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.
3
Бо он хамиртуруш нахӯр, ҳафт рӯз фатир, яъне нони мазаллат, бо он бихӯр, — зеро ки шитобкорона аз замини Миср берун омадӣ, — то ки рӯзи берун омаданатро аз замини Миср тамоми айёми зиндагии худ дар хотир нигоҳ дорӣ.
4
Ва дар тамоми худуди ту набояд ҳафт рӯз хамиртуруш дида шавад; ва аз гӯште ки ту бегоҳии рӯзи якум забҳ мекунӣ, набояд чизе то субҳ боқӣ бимонад.
5
Дар ҳеҷ яке аз шаҳрҳои худ, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, наметавонӣ фисҳро забҳ намоӣ,
6
Балки фақат дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, — дар он макон фисҳро бегоҳирӯзӣ, ҳангоми ғуруб кардани офтоб, ки вақти берун омаданат аз Миср аст, забҳ намо.
7
Ва онро дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирьён бикун ва бихӯр, ва бомдодон тоб хӯрда, ба хаймаҳои худ бирав.
8
Шаш рӯз фатир бихӯр, ва дар рӯзи ҳафтум ҷашн аст барои Худованд Худои ту; ҳеҷ кор накун.
9
Ҳафт ҳафта барои худ бишумор; аз вақте ки дос ба дарав шурӯъ кунад, ба шумурдани ҳафт ҳафта оғоз намо.
10
Ва иди ҳафтаҳоро барои Худованд Худои худ бо ҳадияи дасти босаховати худ ба ҷо овар, ки онро бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, тақдим хоҳӣ кард.
11
Ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизодае ки дар шаҳри туст, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар миёни туст, — дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.
12
Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ, пас саъю кӯшиш намо, ки ин фароизро ба ҷо оварӣ.
13
Иди хаймаҳоро, баъд аз он ки аз хирмани худ ва аз чархушти худ ғунучин намоӣ, ҳафт рӯз ба ҷо овар.
14
Ва дар иди худ хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизода ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри туст.
15
Ҳафт рӯз барои Худованд Худои худ дар маконе ки Худованд баргузинад, ид бикун, зеро ки Худованд Худои ту дар тамоми ҳосилоти ту ва дар тамоми аъмоли дасти ту баракат хоҳад дод, ва ту бағоят хурсанд хоҳӣ шуд.
16
Се карат дар як сол ҳамаи мардони ту бояд ба ҳузури Худованд дар маконе ки Ӯ баргузинад, ҳозир шаванд: дар иди фатир ва дар иди ҳафтаҳо ва дар иди хаймаҳо; ва ба хузури Худованд набояд тиҳидаст ҳозир шаванд,
17
Балки ҳар кас бояд бо пешкаши дасти худ ҳозир шавад, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад.
18
Доварон ва нозиронро дар ҳамаи шаҳрҳое ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои худ бар ҳасби сибтҳои худ таъин намо, то ки қавмро бо адлу инсоф доварӣ кунанд.
19
Дар доварӣ каҷкорӣ нанамо, рӯйбинӣ накун, ва ришва нагир, зеро ки ришва чашмони ҳакимонро кӯр ва суханони одилонро таҳриф мекунад.
20
Адолатро, адолатро ҷӯё бош, то ки зинда бимонӣ ва заминеро, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, тасарруф намоӣ.
21
Барои Ашерае ки мехоҳӣ аз баҳри худ бисозӣ, ҳеҷ як дарахте назди қурбонгоҳи Худованд Худои худ нашинон;
22
Ва сутуне барои худ, ки Худованд Худои ту аз он нафрат дорад, барпо накун.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34