bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 20
Deuteronomy 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 21 →
1
Ҳангоме ки ба ҷанги зидди душмани худ берун равӣ, ва аспон ва аробаҳо ва қавмеро, ки аз ту сершумортар бошанд, бубинӣ, — аз онҳо натарс, зеро Худованд Худоят, ки туро аз Миср берун овард, бо туст.
2
Ва ҳангоме ки ба майдони корзор наздик шавед, бигзор коҳин наздик омада, ба қавм сухан ронад,
3
Ва ба онҳо гӯяд: „Бишнав, эй Исроил! Шумо имрӯз ба ҷанги зидди душманони худ шурӯъ менамоед; бигзор дили шумо суст нашавад, натарсед ва воҳима накунед ва аз онҳо ба ҳарос наафтед;
4
Зеро ки Худованд Худои шумо бо шумо меравад, то ки барои шумо бо душманонатон ҷанг карда, шуморо наҷот диҳад“.
5
Ва бигзор нозирон ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки хонаи нав сохта, аз он ҳанӯз истифода набурда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз он истифода барад;
6
Ва касе ки ток шинонда, аз меваи он ҳанӯз нахӯрда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз меваи он бихӯрад;
7
Ва касе ки занеро номзад карда, ҳанӯз варо нагирифта бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре варо бигирад“.
8
Ва бигзор нозирон боз ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки тарсончак ва буздил бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, то ки дили бародарони худро мисли дили худаш тарсончак нагардонад“.
9
Ва ҳангоме ки нозирон суханрониро бо қавм ба анҷом расонанд, бигзор сипаҳдорон бар сари қавм таъин карда шаванд.
10
Ҳангоме ки ба шаҳре наздик оӣ, то ки барои забти он ҷанг кунӣ, онро ба сулҳ даъват намо.
11
Ва агар он бо ту сулҳ намуда, дарвозаҳояшро барои ту бикшояд, бигзор тамоми қавме ки дар он бошанд, хироҷгузори ту гардида, хизмати туро ба ҷо оваранд.
12
Валекин агар он бо ту сулҳ накунад, ва ба муқобили ту ҷанг пеша намояд, — онро муҳосира бикун.
13
Ва ҳангоме ки Худованд Худои ту онро ба дасти ту бисупорад, ҳамаи мардони онро бо дами шамшер зарба бизан;
14
Фақат занон ва кӯдакон ва чорпоён, ва ҳар он чи дар шаҳр бошад, яъне тамоми ғанимати онро барои худ тороҷ намо; ва аз ғанимати душманони худ, ки Худованд Худоят онро ба ту додааст, истифода бикун.
15
Бо ҳамаи шаҳрҳое ки аз ту бағоят дуранд, ки аз шаҳрҳои ин халқҳо набошанд, чунин амал намо.
16
Аммо аз шаҳрҳои ин қавмҳо, ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, ҳеҷ як ҷонро зинда нагузор,
17
Балки онҳоро — ҳиттиён ва амӯриён, канъониён ва фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро, — чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, тамоман несту нобуд бикун,
18
То шуморо таълим надиҳанд, ки мисли ҳамаи корҳои зиште ки онҳо бо худоёни худ мекарданд, амал намуда, пеши Худованд Худои худ гуноҳкор шавед.
19
Агар шаҳреро айёми зиёде муҳосира намоӣ, то ки бо он ҷангида онро забт кунӣ, табаре бар дарахташ бардошта, онро нобуд накун, чунки аз меваи он мехӯрӣ, бинобар ин онро набур; зеро, оё дарахти саҳро одамизод аст, ки аз пеши ту ба истеҳкоме дохил шавад?
20
Фақат дарахте ки дар бораи он ту медонӣ, ки дарахти ғизодор нест, — онро нобуд бикун ва онро бибур, то ба зидди шаҳре ки бо ту меҷангад, истеҳкоме бисозӣ, то даме ки он мағлуб шавад.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34