bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 6
Deuteronomy 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 7 →
1
Ва ин аст аҳком, фароиз ва дастуроте ки Худованд Худои шумо амр фармуд, ки ба шумо таълим диҳам, то онҳоро дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, ба амал оваред,
2
То ки аз Худованд Худои худ тарсида, тамоми фароиз ва аҳкоми Ӯро, ки ман ба ту амр мефармоям, риоя намоӣ, — ту ва писарат ва писари писарат, дар тамоми айёми умрат, то ки айёми ту дароз шавад.
3
Пас, эй Исроил, бишнав ва саъю кӯшиш намо, ки онҳоро ба амал оварӣ, то ки барои ту некӯ бошад, ва шумо бисьёр афзун шавед дар замине ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.
4
Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст.
5
Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор.
6
Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад,
7
Ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо,
8
Ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ бибанд, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёни чашмонат бошад,
9
Ва онҳоро бар паҳлудариҳои хонаи худ ва бар дарвозаҳои худ бинавис.
10
Ва ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине дароварад, ки ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб — қасам хӯрдааст, ки онро ба ту бидиҳад, бо шаҳрҳои бузург ва хубе ки ту бино накардаӣ,
11
Ва бо хонаҳои пур аз ҳар неъмат, ки ту пур накардаӣ, ва бо ҳавзҳои дар санг кандашуда, ки ту накандаӣ, ва бо токҳо ва дарахтони зайтун, ки ту нашинондаӣ, ва ту аз меваи онҳо хӯрда сер хоҳӣ шуд, —
12
Он гоҳ эҳтиёт бош, мабодо Худовандро, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, фаромӯш кунӣ.
13
Аз Худованд Худои худ битарс, ва Ӯро ибодат намо, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
14
Худоёни дигарро аз худоёни қавмҳое ки дар гирду пеши шумо мебошанд, пайравӣ накунед;
15
Зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст, Худои рашкнок аст; мабодо ғазаби Худованд Худоят бар ту аланга занад, ва Ӯ туро аз рӯи замин маҳв кунад.
16
Худованд Худои худро наозмоед, чунон ки дар Массо озмудед.
17
Аҳкоми Худованд Худои худро, ва шаҳодот ва фароизи Ӯро, ки ба шумо амр фармудааст, боэҳтиёт риоя намоед.
18
Ва он чи дар назари Худованд дуруст ва некӯст, ба амал овар, то ки барои ту некӯ бошад, ва ту омада, он замини некӯро, ки Худованд дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, тасарруф намоӣ,
19
Ва ҳамаи душманонат аз пеши ту ба зудӣ бадар ронда шаванд, чунон ки Худованд гуфтааст.
20
Ва ҳангоме ки писарат дар оянда аз ту пурсида, гӯяд: „Он шаҳодот ва фароиз ва аҳкоме ки Худованд Худои мо ба шумо амр фармудааст, чӣ маъно дорад?“ —
21
Пас, ба писарат бигӯ: „Мо дар Миср ғуломони фиръавн будем, ва Худованд моро аз Миср бо дасти қавӣ берун овард.
22
Ва Худованд аломот ва мӯъҷизоти азим ва мӯҳлик бар Миср, бар фиръавн ва тамоми аҳли байти вай, дар пеши назари мо зоҳир сохт.
23
Ва моро аз он ҷо берун овард, то ки моро оварда, заминеро, ки дар бораи он ба падарони мо қасам хӯрдааст, ба мо бидиҳад.
24
Ва Худованд ба мо амр фармуд, ки тамоми ин фароизро ба амал оварда, аз Худованд Худои худ битарсем, то ки тамоми айём барои мо некӯ бошад, ва Ӯ моро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
25
Ва ин барои мо адолат ҳисоб хоҳад ёфт, агар саъю кӯшиш намоем, ки тамоми ин аҳкомро ба ҳузури Худованд Худои худ ба амал оварем, чунон ки Ӯ ба мо амр фармудааст“.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34