bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 30
Deuteronomy 30
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 31 →
1
Ва ҳангоме ки ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате ки ба ту пешниҳод намудам, ба сари ту ояд, ва ту онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки туро Худованд Худоят ба он ҷо пароканда созад, дар дили худ ҷой диҳӣ,
2
Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоӣ, ва ту ҳамроҳи фарзандонат, мувофиқи ҳар он чи ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ба овози Ӯ гӯш андозӣ, —
3
Он гоҳ Худованд Худоят асирони туро хоҳад баргардонид, ва ба ту раҳм хоҳад намуд, ва аз нав туро аз миёни ҳамаи қавмҳое ки Худованд Худоят туро ба он ҷо пароканда созад, ҷамъ хоҳад кард.
4
Ҳатто агар парокандагии ту то ақсои осмон бошад, аз он ҷо туро Худованд Худоят ҷамъ хоҳад кард ва аз он ҷо туро хоҳад гирифт,
5
Ва туро Худованд Худоят ба замине ки падаронат тасарруф карда буданд, хоҳад овард, ва ту онро тасарруф хоҳӣ кард, ва Ӯ ба ту марҳамат намуда, туро бештар аз падаронат афзун хоҳад гардонид.
6
Ва Худованд Худоят дили ту ва дили насли туро махтун хоҳад кард, то ки Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст дошта, зинда бимонӣ.
7
Ва Худованд Худоят ҳамаи ин лаънатҳоро бар сари душманон ва бадхоҳони ту, ки туро таъқиб мекарданд, хоҳад овард.
8
Ва ту баргашта, ба овози Худованд гӯш хоҳӣ дод, ва тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал хоҳӣ овард.
9
Ва Худованд Худоят ба ту дар ҳар амали дастат, дар меваи батнат, ва дар зоиши чорпоёнат, ва дар ҳосили заминат ба некӯӣ комьёбии зиёде хоҳад бахшид, зеро Худованд аз нав дар бораи ту ба некӯӣ шодӣ хоҳад кард, чунон ки дар бораи падаронат шодӣ мекард,
10
Агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андохта, аҳком ва фароизи Ӯро, ки дар ин китоби шариат навишта шудааст, риоя намоӣ, ва агар ту бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Худованд Худои худ баргардӣ.
11
Зеро ки аҳкоме ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, барои ту дастнорас нест, ва дур нест.
12
Он дар осмон нест, ки бигӯӣ: „Кист, ки барои мо ба осмон сууд намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?“
13
Ва он дар он тарафи баҳр нест, ки бигӯӣ: „Кист, ки барои мо ба он тарафи баҳр убур намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?“
14
Балки ин чиз бағоят ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дили туст, то ки онро ба амал оварӣ.
15
Инак, ман имрӯз ба ту ҳаёт ва некӯӣ, ва мамот ва бадиро пешниҳод кардам,
16
Ва ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ки Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва аҳком ва фароиз ва дастуроти Ӯро риоя намоӣ, то ки зинда монда афзун шавӣ, ва туро Худованд Худоят дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавӣ, баракат диҳад.
17
Валекин агар дили ту гардад, ва ту гӯш надиҳӣ, ва гумроҳ шуда, ба худоёни дигар саҷда барӣ ва онҳоро ибодат намоӣ, —
18
Пас, имрӯз ман шуморо огоҳ мекунам, ки ҳатман талаф хоҳед шуд, ва дар замине ки аз Урдун убур карда, ба он дохил мешавед, то ки онро тасарруф намоед, умри дароз нахоҳед дид.
19
Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ,
20
Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ».
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 31 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34