bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 14
Jeremiah 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 15 →
1
Каломи Худованд, ки дар бораи хушксолӣ бар Ирмиё нозил шудааст.
2
«Яхудо мотам гирифтааст, ва дарвозаҳояш вайрон шуда, бар замин хобидааст, ва истиғосаи Ерусалим баланд мешавад.
3
Ва акобирашон навкарони худро барои об мефиристанд; онҳо назди ҳавзҳо меоянд, аммо об намеёбанд; бо зарфҳои холӣ бармегарданд; ошуфта ва хиҷил гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.
4
Азбаски замин кафидааст, зеро дар мамлакат борон наборидааст, бинобар ин зироаткорон ошуфта гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.
5
Ҳатто ғизол дар саҳро зоида, бачаашро тарк мекунад, чунки сабзае нест.
6
Ва гӯрхарон бар теппаҳо истода, мисли шағолон ҳаворо фурӯ мебаранд; чашмони онҳо хира шудааст, чунки алафе нест».
7
Агарчи гуноҳҳои мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад, Ту, эй Худованд, ба хотири исми Худ амал намо; зеро ки муртадиҳои мо бисьёр шудааст, ва мо пеши Ту гуноҳкор ҳастем.
8
Эй умеди Исроил, ки варо дар вақти тангӣ наҷот медиҳӣ! Чаро Ту дар ин замин мисли бегонае мебошӣ, ва мисли меҳмоне ки барои шабгузаронӣ омада бошад?
9
Чаро Ту мисли шахси саргаранге мебошӣ, ва мисли паҳлавоне ки наметавонад наҷот диҳад? Валекин Ту, эй Худованд, дар миёни мо ҳастӣ, ва мо ба исми Ту номида шудаем, пас моро тарк накун.
10
Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».
11
Ва Худованд ба ман гуфт: «Барои манфиати ин қавм дуо нагӯй.
12
Агар онҳо рӯза доранд, тазаррӯашонро нахоҳам шунид; ва агар қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ биёранд, онро қабул нахоҳам кард, балки Ман онҳоро бо шамшер ва қаҳтӣ ва вабо талаф хоҳам намуд».
13
Ва ман гуфтам: «ё Худоё Худовандо! Инак, анбиё ба онҳо мегӯянд: „Шамшерро нахоҳед дид, ва қаҳтӣ ба шумо воқеъ нахоҳад шуд, балки осоиштагии пойдоре ба шумо дар ин макон хоҳам дод“».
14
Ва Худованд ба ман гуфт: «Анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд; Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудаам ва сухане нагуфтаам; онҳо рӯъёи дурӯғ ва ҷоду ва батолат ва макри дили худро ба шумо нубувват мекунанд.
15
Бинобар ин Худованд дар бораи анбиё чунин мегӯяд: онҳо ба исми Ман нубувват мекунанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам, ва онҳо мегӯянд: „Шамшер ва қаҳтӣ дар ин замин воқеъ нахоҳад шуд“; ин анбиё аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд.
16
Ва қавме ки онҳо барояшон нубувват мекунанд, ба сабаби қаҳтӣ ва шамшер дар кӯчаҳои Ерусалим партофта хоҳанд шуд, ва касе нахоҳад буд, ки онҳо ва занони онҳо ва писарон ва духтарони онҳоро дафн кунад; ва Ман шарорати онҳоро бар онҳо хоҳам рехт.
17
Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.
18
Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер; ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ; зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».
19
Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ? Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст? Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест? Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест; ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.
20
Мо, эй Худованд, ба шарорати худ, ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем, зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.
21
Ба хотири исми Худ моро рад нанамо; тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун; аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.
22
Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд? Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад? Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ, ва мо ба Ту умед хоҳем баст, зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52