bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 43
Jeremiah 43
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 42
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 44 →
1
Ва чун Ирмиё ба тамоми қавм гуфтани ҳамаи суханони Худованд Худои онҳоро, ки ба воситаи ӯ Худованд Худои онҳо ба онҳо фиристода буд, яъне гуфтани ҳамаи он суханонро ба анҷом расонид,
2
Он гоҳ Азарьё ибни Ҳӯшаъё, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи одамони густох ба Ирмиё гуфтанд: «Ту дурӯғ мегӯӣ; Худованд Худои мо туро нафиристодааст, ки бигӯӣ: „Ба Миср наравед, то ки дар он ҷо сокин шавед“;
3
Балки Борух ибни Нериё туро ба муқобили мо иғво андохтаахт, то ки моро ба дасти калдониён таслим намоӣ, ва онҳо моро бикушанд, ва моро ба Бобил ба асирӣ бибаранд».
4
Пас Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва тамоми қавм ба овози Худованд гӯш надоданд, то ки дар замини Яҳудо бимонанд,
5
Балки Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳо тамоми бақияи Яҳудоро, ки аз миёни ҳамаи халқҳое ки дар байнашон пароканда шуда буданд, баргашта, дар замини Яҳудо сокин шуда буданд,
6
Яъне мардон ва занон ва кӯдакон ва духтарони подшоҳ ва ҳамаи онҳоеро, ки сардори посбонон Набузаръадон назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон боқӣ гузошта буд, ва Ирмиёи набӣ ва Борух ибни Нериёро гирифтанд,
7
Ва ба замини Миср рафтанд, зеро ки ба овози Худованд гӯш надоданд; ва ба Таҳфанҳес расиданд.
8
Ва каломи Худованд дар Таҳфанҳес бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
9
«Ба дасти худ сангҳои калоне бигир, ва онҳоро дар гили хиштрезӣ, ки назди дарвозаи хонаи фиръавн дар Таҳфанҳес аст, дар пеши назари мардуми яҳудӣ пинҳон кун,
10
Ва ба онҳо бигӯй: Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман фиристода, бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобилро хоҳам гирифт, ва тахти ӯро бар ин сангҳое ки Ман пинҳон кардаам, хоҳам гузошт, ва ӯ саропардаи худро бар онҳо хоҳад барафрошт;
11
Ва омада, замини Мисрро зарба хоҳад зад: он ки маҳкум ба марг аст — ба марг, ва он ки маҳкум ба асирист — ба асирӣ, ва он ки маҳкум ба шамшер аст — ба шамшер дучор хоҳад шуд.
12
Ва дар хонаҳои худоёни Миср оташ хоҳам зад, ва ӯ онҳоро хоҳад сӯзонид ва ба асирӣ хоҳад бурд, ва ғанимати замини Мисрро дар бар хоҳад кард, чунон ки чӯпон либоси худро дар бар мекунад, ва аз он ҷо ба саломатӣ берун хоҳад рафт.
13
Ва сутунҳои Байт‐Шамсро, ки дар замини Миср аст, хароб хоҳад кард, ва хонаҳои худоёни Мисрро ба оташ хоҳад сӯзонид».
← Chapter 42
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 44 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52