bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 41
Jeremiah 41
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 40
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 42 →
1
Ва дар моҳи ҳафтум воқеъ шуд, ки Исмоил ибни Натаньё ибни Элишомоъ, ки аз насли шоҳон ва аз акобири подшоҳ буд, ва ҳамроҳаш даҳ одам назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Мисфо омаданд, ва дар ин ҷо дар Мисфо бо ҳам нон хӯрданд.
2
Ва Исмоил ибни Натаньё бархост, ва он даҳ нафар, ки ҳамроҳаш буданд, Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофонро бо шамшер заданд; ва ӯро, ки подшоҳи Бобил бар мамлакат волӣ таъин карда буд, кушт.
3
Ва Исмоил ҳамаи яҳудиёнеро, ки бо ӯ, яъне бо Ҷадальё, дар Мисфо буданд, ва ҷанговарони калдониро, ки дар он ҷо ёфт шуданд, кушт.
4
Ва дар рӯзи дуюм, баъд аз он ки Ҷадальё кушта шуда буд, ва ҳеҷ кас аз ин хабар надошт,
5
Ҳаштод нафар одамони ришҳошон тарошида, либосҳошон чокзада ва баданҳошон харошида аз Шакем, Шилӯ ва Сомария омаданд, ва дар дасташон ҳадияҳо ва лебӯно буд, ки онро мехостанд ба хонаи Худованд биёранд.
6
Ва Исмоил ибни Натаньё аз Мисфо ба пешвози онҳо баромад, дар ҳолате ки роҳ мерафт ва мегирист; ва ҳангоме ки бо онҳо вохӯрд, ба онҳо гуфт: «Назди Ҷадальё ибни Аҳиқом биравед».
7
Ва ҳамин ки онҳо андаруни шаҳр дохил шуданд, Исмоил ибни Натаньё ва одамоне ки ҳамроҳи ӯ буданд, онҳоро кушта, ба даруни чоҳ андохтанд.
8
Вале дар миёни онҳо даҳ нафар ёфт шуданд, ки ба Исмоил гуфтанд: «Моро накуш, зеро ки мо дар саҳро захираҳои ниҳонии гандум, ва ҷав, ва равған, ва асал дорем». Ва ӯ онҳоро вогузошта, дар миёни бародаронашон накушт.
9
Ва чоҳе ки Исмоил ҳамаи ҷасадҳои одамони аз барои Ҷадальё куштаи худро дар он андохт, ҳамон буд, ки подшоҳ Осо аз тарси Баъшо подшоҳи Исроил сохта буд; онро Исмоил ибни Натаньё аз кушташудагон пур кард.
10
Ва Исмоил тамоми бақияи қавмро, ки дар Мисфо буданд: духтарони подшоҳ ва тамоми қавмеро, ки дар Мисфо боқӣ монда буданд, ва сардори посбонон Набузаръадон онҳоро ба Ҷадальё ибни Аҳиқом супурда буд, ба асирӣ гирифт, ва Исмоил ибни Натаньё онҳоро ба асирӣ гирифта, равона шуд, то ки ба тарафи банӣ‐Аммӯн бигзарад.
11
Валекин Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, аз тамоми шарорате ки Исмоил ибни Натаньё ба амал оварда буд, хабар ёфтанд,
12
Ва ҳамаи одамони худро гирифта, равона шуданд, то ки ба муқобили Исмоил ибни Натаньё ҷанг кунанд; ва ӯро назди обанбори бузурге ки дар Ҷибъӯн аст, ёфтанд.
13
Ва чун тамоми қавме ки бо Исмоил буданд, Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳои бо ӯ бударо диданд, шод шуданд;
14
Ва тамоми қавме ки Исмоил аз Мисфо ба асирӣ гирифта буд, аз вай рӯй гардонда баргаштанд ва назди Йӯҳонон ибни Қореаҳ омаданд.
15
Ва Исмоил ибни Натаньё бо ҳашт нафар аз дасти Йӯҳонон ибни Қореаҳ гурехта, назди банӣ‐Аммӯн рафт.
16
Ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ бо ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, тамоми бақияи қавмро, ки аз дасти Исмоил ибни Натаньё аз Мисфо баъд аз қатли Ҷадальё ибни Аҳиқом озод карда буд, гирифт, яъне мардон, ҷанговарон ва занон ва кӯдакон ва хоҷасароёнро, ки дар Ҷибъӯн озод карда буд,
17
Ва онҳо рафта, дар деҳаи Кимҳом, ки дар наздикии Байт‐Лаҳм аст, манзил гирифтанд, то ки ба Миср бираванд
18
Аз дасти калдониён, чунки аз онҳо метарсиданд, зеро Исмоил ибни Натаньё Ҷадальё ибни Аҳиқомро, ки подшоҳи Бобил ӯро бар мамлакат волӣ таъин намуда буд, кушта буд.
← Chapter 40
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 42 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52