bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 19
Jeremiah 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 20 →
1
Худованд чунин гуфт: «Бирав ва кӯзаи сафолин аз кулолгар бихар, ва баъзе аз пирони қавм ва пирони коҳинонро бо худ бигир.
2
Ва ба водии Бен‐Ҳиннӯм, ки дар даҳани дарвозаи Ҳарсит воқеъ аст, баромада, суханонеро, ки ба ту хоҳам гуфт, дар он ҷо эълон намо,
3
Ва бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак Ман бар ин макон чунон мусибате меоварам, ки ҳар кӣ онро бишнавад, гӯшҳояш садо хоҳад дод,
4
Аз барои он ки Маро тарк карданд, ва ин маконро аз Ман бегона сохтанд, ва дар он барои худоёни дигар, ки худашон ва падаронашон ва подшоҳони Яҳудо намешинохтанд, бухур сӯзониданд, ва ин маконро аз хуни бегуноҳон пур карданд;
5
Ва минбарҳо барои Баал бино карданд, то ки писарони худро ҳамчун қурбониҳои сӯхтанӣ барои Баал дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва нагуфтаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.
6
Бинобар ин, — мегӯяд Худованд, — айёме фаро мерасад, ки ин макон дигар Тӯфет ва водии Бен‐Ҳиннӯм номида нахоҳад шуд, балки водии қатл.
7
Ва машварати Яҳудо ва Ерусалимро дар ин макон ботил хоҳам кард, ва онҳоро пеши душманонашон ва бо дасти толибони ҷонашон ба дами шамшер фурӯ хоҳам ғалтонид, ва ҷасадҳои онҳоро хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳам гардонид.
8
Ва ин шаҳрро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушӣ хоҳам гардонид, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтад ва аз дидани ҳамаи захмҳояш мадҳуш шавад.
9
Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.
10
Ва кӯзаро дар пеши назари одамоне ки бо ту меоянд, бишкан.
11
Ва ба онҳо бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ин қавм ва ин шаҳрро ончунон хоҳам шикаст, чунон ки зарфи кулолгарро мешикананд, ва онро дигар дуруст кардан мумкин нест; ва онҳоро, ба сабаби камии ҷои дафн, дар Тӯфет дафн хоҳанд кард.
12
Ба ин макон, — мегӯяд Худованд, — ва ба сокинонаш чунин амал хоҳам кард, ва ин шаҳрро мисли Тӯфет хоҳам гардонид.
13
Ва хонаҳои Ерусалим ва хонаҳои подшоҳони Яҳудо мисли макони Тӯфет палид хоҳанд шуд, яъне ҳамаи хонаҳое ки бар бомҳошон барои тамоми лашкари осмон бухур сӯзонидаанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни бегона рехтаанд“».
14
Ва Ирмиё аз Тӯфет, ки Худованд ӯро барои нубувват кардан ба он ҷо фиристода буд, омад ва дар саҳни хонаи Худованд истода, ба тамоми қавм гуфт:
15
«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар ин шаҳр ва бар ҳамаи қасабаҳояш тамоми мусибатеро, ки дар бораи он сухан рондаам, хоҳам овард, чунки онҳо гарданкашӣ карда, суханони Маро нашнидаанд».
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52