bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 39
Jeremiah 39
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 38
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 40 →
1
Дар соли нӯҳуми Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар моҳи даҳум, Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ назди Ерусалим омада, онро муҳосира карданд.
2
Дар соли ёздаҳуми Сидқиё, дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, ҳисори шаҳр рахна карда шуд.
3
Ва ҳамаи мирони подшоҳи Бобил омада, дар дарвозаи миёна ҷойгир шуданд, чунончи: Нерҷал Саръэсер, Самҷар‐Небу, сардори хоҷасароён Сарсеким, сардори маҷусиён Нерҷал Саръэсер ва ҳамаи мирони дигари подшоҳи Бобил.
4
Ва ҳангоме ки Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи ҷанговарон онҳоро диданд, гурехта, бо роҳи боғи подшоҳ аз дарвозае ки дар миёни ду ҳисор буд, шабона аз шаҳр берун рафтанд; ва ӯ ба роҳи биёбон баромад.
5
Ва лашкари калдониён онҳоро таъқиб карданд; ва дар чӯли Ериҳӯ ба Сидқиё расида гирифтанд; ва ӯро дастгир намуда, назди Набукаднесар подшоҳи Бобил ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд; ва дар ҳаққи ӯ ҳукми худро эълон кард.
6
Ва подшоҳи Бобил писарони Сидқиёро дар Рибло дар пеши назари ӯ қатл кард; ва ҳамаи мирони Яҳудоро подшоҳи Бобил ба қатл расонид;
7
Ва чашмони Сидқиёро кӯр кард; ва ӯро занҷирбанд намуд, то ки ӯро ба Бобил барад.
8
Ва хонаи подшоҳ ва хонаҳои қавмро калдониён ба оташ сӯзониданд, ва ҳисорҳои Ерусалимро хароб карданд.
9
Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва бақияи қавмро, ки монда буданд, сардори посбонони шахсии ӯ — Набузаръадон — ба Бобил ба асирӣ бурд.
10
Вале бенавоёни қавмро, ки ҳеҷ чиз надоштанд, сардори посбонон Набузаръадон дар замини Яҳудо вогузошт, ва ҳамон рӯз ба онҳо токзорҳо ва киштзорҳо дод.
11
Ва дар бораи Ирмиё Набукаднесар подшоҳи Бобил ба сардори посбонон Набузаръадон амр фармуда, гуфт:
12
«Ӯро бигир, ва бар ӯ назари некӯ бикун, ва ба ӯ ҳеҷ осебе нарасон, балки ҳар чи ба ту бигӯяд, барояш ба амал овар».
13
Ва сардори посбонон Набузаръадон, ва сардори хоҷасароён Набушазбон, ва сардори маҷусиён Нерҷал Саръэсер, ва тамоми акобири подшоҳи Бобил кас фиристоданд,
14
Ва фиристода, Ирмиёро аз саҳни посгоҳ гирифтанд, ва ӯро ба Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон супурданд, то ки ба хонааш барад; ва ӯ дар миёни қавм сокин шуд.
15
Ва бар Ирмиё, ҳангоме ки ӯ дар саҳни посгоҳ маҳбус буд, каломи Худованд нозил шуда, гуфт:
16
«Бирав ва ба Абдумалики Ҳабашӣ бигӯй: „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман суханони Худро дар бораи ин шаҳр ба бадӣ иҷро менамоям ва на ба некӣ; ва онҳо дар он рӯз дар пеши назари ту ба амал хоҳад омад;
17
Вале туро дар он рӯз раҳо хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва ба дасти касоне ки ту аз онҳо метарсӣ, супурда нахоҳӣ шуд,
18
Зеро ки туро ҳатман халосӣ хоҳам дод, ва ту ба дами шамшер нахоҳӣ афтод, ва ҷонат барои ту ғанимат хоҳад гардид, чунки ту ба Ман таваккал кардӣ, — мегӯяд Худованд“».
← Chapter 38
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 40 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52