bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 37
Jeremiah 37
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 38 →
1
Ва ба ҷои Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳ Сидқиё ибни Йӯшиё, ки ӯро Набукаднесар подшоҳи Бобил бар замини Яҳудо ба подшоҳӣ бардошта буд, подшоҳӣ кард.
2
Ва ӯ ва бандагони ӯ ва қавми замин ба суханони Худованд, ки ба воситаи Ирмиёи набӣ гуфта буд, гӯш надоданд.
3
Ва подшоҳ Сидқиё Еҳукал ибни Шелемьё ва Сафаньё ибни Маасёеи коҳинро назди Ирмиёи набӣ фиристод, ки бигӯянд: «Лутфан, барои мо пеши Худованд Худои мо дуо бигӯй».
4
Ва Ирмиё дар миёни қавм даробаро дошт, чунки ӯро ҳанӯз дар зиндон наандохта буданд.
5
Ва лашкари фиръавн аз Миср берун омаданд, ва калдониёне ки Ерусалимро мусаххар карда буданд, овозаи омадомади онҳоро шунида, аз Ерусалим ақиб нишастанд.
6
Ва каломи Худованд бар Ирмиёи набӣ нозил шуда, гуфт:
7
«Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо назди ман фиристодааст, то аз ман илтимос кунед, чунин бигӯед: инак, лашкари фиръавн, ки ба ёрмандии шумо берун омадаанд, ба замини худ, ба Миср хоҳанд баргашт.
8
Ва калдониён бозгашта, бар зидди ин шаҳр ҷанг хоҳанд кард, ва онро забт намуда, ба оташ хоҳанд сӯзонид.
9
Худованд чунин мегӯяд: худро фирефта карда, нагӯед, ки „калдониён аз пеши мо ҳатман хоҳанд рафт“, зеро ки онҳо нахоҳанд рафт.
10
Агар шумо ҳатто тамоми лашкари калдониёнро, ки бар зидди шумо меҷанганд, торумор мекардед, ба тавре ки аз онҳо фақат маҷрӯҳон боқӣ мемонданд, дар он сурат ҳам онҳо ҳар яке аз хаймаҳои худ бархоста, ин шаҳрро ба оташ месӯзониданд».
11
Ва воқеъ шуд вақте ки лашкари калдониён аз боиси лашкари фиръавн ақиб менишастанд,
12
Ирмиё аз Ерусалим берун омад, то ки ба замини Биньёмин биравад ва дар он ҷо ҳиссаи худро аз миёни қавм бигирад.
13
Ва ҳангоме ки ӯ ба дарвозаи Биньёмин расид, дар он ҷо сардори посбонон, ки Иръиё ибни Шелемьё ном дошт, Ирмиёи набиро дастгир карда, гуфт: «Ту мехоҳӣ ба калдониён таслим шавӣ!»
14
Ва Ирмиё гуфт: «Дурӯғ мегӯӣ! Ман намехоҳам ба калдониён таслим шавам!» Вале вай ба ӯ гӯш надод; ва Иръиё Ирмиёро дастгир карда, назди мирон овард.
15
Ва мирон бар Ирмиё хашм гирифта, ӯро заданд; ва ӯро дар хонаи Еҳӯнотони котиб ба бандихона андохтанд, зеро ки онро ба ҳабсхона табдил дода буданд.
16
Ва Ирмиё дар зиндони зеризаминӣ ба яке аз ҳуҷраҳо дохил шуд, ва дар он ҷо Ирмиё рӯзҳои бисьёр нишаст.
17
Ва подшоҳ Сидқиё кас фиристода, ӯро овард, ва подшоҳ дар хонаи худ ба таври ниҳонӣ аз ӯ пурсида, гуфт: «Оё каломе аз ҷониби Худованд ҳаст?» Ва Ирмиё гуфт: «Ҳаст», ва гуфт: «Ту ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳӣ шуд».
18
Ва Ирмиё ба подшоҳ Сидқиё гуфт: «Ман пеши ту, ва пеши бандагони ту, ва пеши ин қавм чӣ гуноҳ кардам, ки маро дар зиндон андохтед?
19
Ва анбиёи шумо куҷоянд, ки ба шумо нубувват намуда гуфта буданд: „Подшоҳи Бобил ба муқобили шумо ва ба муқобили ин замин нахоҳад омад“?
20
Ва акнун, эй оғоям подшоҳ, бишнав: бигзор истиғосаи ман пеши ту мақбул афтад, ва ту маро ба хонаи Еҳӯнотони котиб барнагардон, то ки ман дар он ҷо намирам».
21
Ва подшоҳ Сидқиё амр фармуд, ва Ирмиёро дар саҳни посгоҳ бандӣ карданд, ва ҳар рӯз ба ӯ аз растаи нонвоён якто нон медоданд, то вақте ки тамоми нон аз шаҳр тамом шуд. Ва Ирмиё дар саҳни посгоҳ монд.
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 38 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52