bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 40
Jeremiah 40
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 39
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 41 →
1
Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуд, баъд аз он ки сардори посбонон Набузаръадон ӯро аз Ромо озод кард, ҳангоме ки ӯро дар ҳолате гирифт, ки дар миёни ҳамаи асирони Ерусалим ва Яҳудо, ки ба Бобил ронда мешуданд, бо занҷирҳо баста шуда буд.
2
Ва сардори посбонон Ирмиёро гирифта, ба ӯ гуфт: «Худованд Худои ту ин мусибатро дар бораи ин макон баён намудааст,
3
Ва Худованд онро оварда, гуфтаи Худро иҷро кардааст, чунки шумо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаед ва ба овози Ӯ гӯш надодаед, ба ин сабаб ин мусибат бар шумо омадааст.
4
Пас инак, ман туро имрӯз аз занҷирҳое ки бар дастҳои туст, озод мекунам: агар хоҳӣ, ки бо ман ба Бобил биёӣ, — биё, ва ман дар ҳаққи ту ғамхорӣ хоҳам кард; ва агар нахоҳӣ, ки бо ман ба Бобил биёӣ, ин ҷо бимон. Инак, тамоми замин пеши туст: ҳар куҷо, ки бихоҳӣ, ва ҳар куҷо, ки ба ту маъқул бошад биравӣ, — ба он ҷо бирав».
5
Ва ҳанӯз ӯ ҷавобе нагардонда буд, ки вай гуфт: «Назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон, ки ӯро подшоҳи Бобил бар шаҳрҳои Яҳудо волӣ таъин намудааст, баргард ва бо ӯ дар миёни қавм сокин шав, ё ҳар куҷо, ки ба ту маъқул бошад биравӣ, — бирав». Ва сардори посбонон ба ӯ хӯрокворӣ ва инъом дода, ӯро ҷавоб дод.
6
Ва Ирмиё назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Мисфо омада, бо ӯ дар миёни қавме ки дар мамлакат боқӣ монда буданд, сокин шуд.
7
Ва чун ҳамаи лашкарбошиҳое ки дар саҳро буданд, — худашон ва одамонашон, — шуниданд, ки подшоҳи Бобил Ҷадальё ибни Аҳиқомро дар мамлакат волӣ таъин намудааст, ва мардону занону кӯдакон, яъне бенавоёни мамлакатро аз байни онҳое ки ба Бобил бурда нашудаанд, ба ӯ супурдааст, —
8
Онҳо назди Ҷадальё ба Мисфо омаданд, чунончи: Исмоил ибни Натаньё, ва Йӯҳонон ва Йӯнотон писарони Қореаҳ, ва Сароё ибни Танҳумет, ва писарони Эйфои Натӯфотӣ, ва Езаньё ибни Маахотӣ, — худашон ва одамонашон.
9
Ва Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон ба онҳо ва одамонашон қасам хӯрда гуфт: «Аз бандагӣ кардан ба калдониён натарсед, дар замин сокин шавед, ва ба подшоҳи Бобил бандагӣ намоед, ва барои шумо хуб хоҳад шуд;
10
Ва ман инак дар Мисфо хоҳам буд, то ба ҳузури калдониёне ки назди мо меоянд, биистам; вале шумо шароб ва меваҷот ва равған ҷамъ оварда, дар зарфҳои худ захира кунед, ва дар шаҳрҳои худ, ки онҳоро ишғол намудаед, сокин шавед».
11
Ва чун ҳамаи яҳудиёне ки дар Мӯоб ва дар миёни банӣ‐Аммӯн ва дар Адӯм ва дар ҳамаи кишварҳо буданд, шуниданд, ки подшоҳи Бобил як қисми Яҳудоро вогузоштааст ва бар онҳо Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофонро волӣ таъин намудааст,
12
Ҳамаи яҳудиён аз ҳамаи маконҳое ки пароканда шуда буданд, баргаштанд ва ба замини Яҳудо назди Ҷадальё ба Мисфо омаданд, ва шароб ва меваҷоти бағоят зиёде ҷамъ оварданд.
13
Ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки дар саҳро буданд, назди Ҷадальё ба Мисфо омаданд,
14
Ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки Баалис подшоҳи банӣ‐Аммӯн Исмоил ибни Натаньёро фиристодааст, то ки туро бикушад?» Вале Ҷадальё ибни Аҳиқом ба гапи онҳо бовар накард.
15
Ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ба Ҷадальё дар Мисфо ба таври ниҳонӣ сухан ронда, гуфт: «Лутфан, маро бигзор, ки рафта, Исмоил ибни Натаньёро бикушам, ва касе хабардор нахоҳад шуд; чаро ӯ туро бикушад, ва ҳамаи яҳудиёне ки назди ту ҷамъ омадаанд, пароканда шаванд, ва бақияи Яҳудо талаф гардад?»
16
Валекин Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Йӯҳонон ибни Қореаҳ гуфт: «Ин корро накун, зеро ки ту дар бораи Исмоил дурӯғ мегӯӣ».
← Chapter 39
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 41 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52