bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 26
Jeremiah 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 27 →
1
Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2
«Худованд чунин мегӯяд: дар саҳни хонаи Худованд биист ва ба ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ки ба хонаи Худо барои саҷда кардан меоянд, ҳамаи суханонеро, ки ба ту амр фармудаам, ки ба онҳо бигӯӣ, бигӯй, ва калимае кам накун.
3
Шояд онҳо бишнаванд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва он гоҳ Ман мусибатеро, ки мехоҳам бар онҳо барои аъмоли бадашон биёрам, ботил хоҳам кард.
4
Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: агар шумо Маро нашнавед дар бораи он ки бар тибқи шариати Ман, ки пеши шумо гузоштаам, рафтор намоед,
5
Ва ба суханони бандагони Ман, анбиёе ки назди шумо мефиристам, гӯш андозед, — ва ҳол он ки ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро мефиристам, вале шумо гӯш наандохтаед, —
6
Пас ин хонаро Ман мисли Шилӯ хоҳам гардонид, ва ин шаҳрро барои ҳамаи халқҳои замин рамзи лаънат хоҳам сохт“».
7
Ва коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ин суханонро, ки Ирмиё дар хонаи Худованд гуфт, шуниданд.
8
Ва чун Ирмиё гуфтани ҳар он чиро, ки Худованд амр фармуда буд, ки ба тамоми халқ бигӯяд, ба итмом расонид, коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ӯро дастгир карда, гуфтанд: «Ту бояд бимирӣ!
9
Чаро ту ба исми Худованд нубувват карда гуфтӣ, ки ин хона мисли Шилӯ хоҳад шуд, ва ин шаҳр валангор ва ғайримаскун хоҳад гардид?» Ва тамоми қавм дар хонаи Худованд дар гирди Ирмиё ҷамъ омаданд.
10
Ва ҳангоме ки мирони Яҳудо ин чизҳоро шуниданд, аз хонаи подшоҳ баромада, ба даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд нишастанд.
11
Ва коҳинон ва анбиё ба мирон ва тамоми қавм рӯ оварда, гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл аст, зеро ки дар ҳаққи ин шаҳр нубувват намуд, чунон ки ба гӯшҳои худ шунидед».
12
Валекин Ирмиё ба ҳамаи мирон ва тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд маро фиристодааст, то дар ҳаққи ин хона ва ин шаҳр ҳамаи суханонеро, ки шунидед, нубувват намоям.
13
Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.
14
Дар хусуси ман бошад, инак, ман дар дасти шумо ҳастам: он чи ба назари шумо дуруст ва ҳаққонӣ намояд, бо ман бикунед.
15
Аммо яқинан бидонед, ки агар шумо маро ба қатл расонед, хуни бегуноҳеро шумо бар худатон ва бар ин шаҳр ва бар сокинони он хоҳед гузошт, зеро ки ба ростӣ Худованд маро фиристодааст, то ки ҳамаи ин суханонро ба гӯши шумо баён намоям».
16
Он гоҳ мирон ва тамоми қавм ба коҳинон ва анбиё гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл нест, зеро ки ба исми Худованд Худои мо ба мо сухан рондааст».
17
Ва баъзе аз пирони замин бархостанд ва ба тамоми ҷамъомади қавм рӯ оварда, гуфтаанд:
18
«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.
19
Оё Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва тамоми Яҳудо ӯро қатл карданд? Не, вай аз Худованд тарсид ва пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва Худованд аз мусибате ки дар бораи онҳо фармуда буд, пушаймон шуд; валекин мо мусибати азиме бар ҷонҳои худ меоварем!»
20
Боз Уриё ибни Шамаъё ном шахси дигаре аз Қирьят‐Еорим буд, ки ба исми Худованд нубувват менамуд, ва дар бораи ин шаҳр ва ин замин айнан мисли суханони Ирмиё нубувват кард.
21
Ва ҳангоме ки подшоҳ Еҳӯёқим, ва тамоми акобираш, ва ҳамаи мирон суханони ӯро шуниданд, подшоҳ хост ӯро ба қатл расонад; ва Уриё инро шунида, тарсид ва гурехта, ба Миср рафт.
22
Ва подшоҳ Еҳӯёқим ба Миср одам фиристод: Элнотон ибни Акбӯр ва чанд касро бо вай ба Миср равона кард.
23
Ва онҳо Уриёро аз Миср бароварданд, ва ӯро назди подшоҳ Еҳӯёқим оварданд, ва ӯро вай ба дами шамшер қатл кард, ва ҷасади ӯро дар қабристони мардуми оддӣ партофт.
24
Аммо дасти Аҳиқом ибни Шофон бо Ирмиё буд, то ки ӯро ба дасти қавм барои куштан насупорад.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52