bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 38
Jeremiah 38
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 37
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 39 →
1
Ва Шафатьё ибни Маттон ва Ҷадальё ибни Пашҳур ва Юхал ибни Шелемьё ва Пашҳур ибни Малкиё суханони Ирмиёро шуниданд, ки ба тамоми қавм рӯ оварда, мегуфт:
2
«Худованд чунин мегӯяд: касе ки дар ин шаҳр бимонад, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд; ва ҳар кӣ назди калдониён биравад, хоҳад зист, ва ҷонаш барои вай ғанимат гардида, зинда хоҳад монд.
3
Худованд чунин мегӯяд: ин шаҳр ҳатман ба дасти лашкари подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро забт хоҳад кард».
4
Ва мирон ба подшоҳ гуфтанд: «Бигзор ин шахс ба қатл расонида шавад, зеро дастҳои ҷанговаронеро, ки дар ин шаҳр боқӣ мондаанд, ва дастҳои тамоми қавмро суст мекунад, чунки чунин суханро ба онҳо мегӯяд; зеро ин шахс барои ин қавм осоиштагиро не, балки мусибатро металабад».
5
Ва подшоҳ Сидқиё гуфт: «Инак, ӯ дар дасти шумост, зеро ки подшоҳ бар хилофи шумо наметавонад коре кунад».
6
Ва Ирмиёро гирифта, дар чоҳи Малкиёи писари подшоҳ, ки дар саҳни посгоҳ буд, андохтанд, ва Ирмиёро бо таноб фурӯд оварданд, ва дар чоҳ об набуд, балки лӯш буд, ва Ирмиё дар лӯш ғӯтид.
7
Ва Абдумалики Ҳабашӣ, ки дар хонаи подшоҳ хоҷасарой буд, шунид, ки Ирмиёро дар чоҳ андохтаанд; ва подшоҳ назди дарвозаи Биньёмин нишаста буд.
8
Ва Абдумалик аз хонаи подшоҳ берун омад ва ба подшоҳ рӯ оварда, гуфт:
9
«Эй оғоям подшоҳ! Ин одамон бо ҳар чи дар ҳаққи Ирмиёи набӣ карда, ӯро дар чоҳ андохтаанд, шарирона амал намудаанд, ва ӯ он ҷо аз гуруснагӣ хоҳад мурд, зеро ки дар шаҳр дигар нон нест».
10
Ва подшоҳ ба Абдумалики Ҳабашӣ амр фармуда, гуфт: «Сӣ нафар аз ин ҷо ҳамроҳи худ бигир ва Ирмиёи набиро, пеш аз он ки бимирад, аз чоҳ берун овар».
11
Ва Абдумалик одамонро ҳамроҳи худ гирифт, ва дар хонаи подшоҳ ба таҳхонаи хазина даромад, ва аз он ҷо латтапораҳо ва либосҳои кӯҳнаро гирифт, ва бо таноб онҳоро назди Ирмиё дар чоҳ фурӯд овард.
12
Ва Абдумалики Ҳабашӣ ба Ирмиё гуфт: «Ин латтапораҳо ва либоси кӯҳнаро зери қӯлтуқат аз таги таноб бимон». Ва Ирмиё ҳамин тавр кард.
13
Ва Ирмиёро бо таноб кашиданд, ва ӯро аз чоҳ берун оварданд, ва Ирмиё дар саҳни посгоҳ монд.
14
Ва подшоҳ Сидқиё кас фиристода, Ирмиёи набиро ба воситаи даромадгоҳи сеюме ки дар хонаи Худо буд, назди худ оваронид; ва подшоҳ ба Ирмиё гуфт: «Ман аз ту чизе мепурсам, аз ман ҳеҷ чизро пинҳон надор».
15
Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Агар ба ту бигӯям, ту, охир, маро хоҳӣ кушт, ва агар машварате ба ту бидиҳам, ту, охир, маро нахоҳӣ шунид!»
16
Ва подшоҳ Сидқиё ба таври ниҳонӣ ба Ирмиё қасам хӯрда, гуфт: «Ба ҳаёти Худованде ки барои мо ин ҷонро офаридааст, қасам ки ман туро нахоҳам кушт ва ба дасти ин одамоне ки толиби ҷони ту ҳастанд, нахоҳам супурд».
17
Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: агар ту назди мирони подшоҳи Бобил берун оӣ, чони ту зинда хоҳад монд, ва ин шаҳр ба оташ сӯзонида нахоҳад шуд, ва ту ва аҳли байти ту хоҳед зист;
18
Ва агар назди мирони подшоҳи Бобил берун наоӣ, ин шаҳр ба дасти калдониён супурда хоҳад шуд, ва онҳо онро ба оташ хоҳанд сӯзонид, ва ту аз дасти онҳо раҳо нахоҳӣ шуд».
19
Ва подшоҳ Сидқиё ба Ирмиё гуфт: «Ман аз яҳудиёне ки назди калдониён гурехтаанд, метарсам: мабодо маро ба дасти онҳо супоранд, ва онҳо маро таҳқир намоянд».
20
Ва Ирмиё гуфт: «Нахоҳанд супурд; дар он чи ман ба ту мегӯям, овози Худовандро бишнав, ва барои ту некӯ хоҳад буд, ва ҷонат зинда хоҳад монд.
21
Вале агар ту аз берун омадан сар тобӣ, ин аст каломе ки Худованд ба ман зоҳир намуд:
22
„Инак, ҳамаи заноне ки дар хонаи подшоҳи Яҳудо боқӣ мондаанд, назди мирони подшоҳи Бобил бурда хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт: дӯстонат туро иғво андохта, бар ту ғолиб омаданд; пойҳои ту дар ботлоқ ғӯтидааст, онҳо ақиб рафтаанд.
23
Ва ҳамаи занонат ва фарзандонатро назди калдониён хоҳанд баровард, ва ту аз дасти онҳо халосӣ нахоҳӣ ёфт, зеро ки ба дасти подшоҳи Бобил хоҳӣ афтод, ва ин шаҳр ба оташ сӯзонида хоҳад шуд“».
24
Ва Сидқиё ба Ирмиё гуфт: «Бигзор ҳеҷ кас аз ин суханон воқиф нашавад, ва он гоҳ ту нахоҳӣ мурд;
25
Вале агар мирон бишнаванд, ки бо ту гуфтугӯ кардаам, ва назди ту омада, ба ту бигӯянд: „Лутфан, он чиро, ки ба подшоҳ гуфтӣ, ва он чиро, ки подшоҳ ба ту гуфт, ба мо бигӯй, онро аз мо пинҳон надор, то ки туро ба қатл нарасонем“, —
26
Пас ба онҳо бигӯй: „Ман истиғосаи худро ба ҳузури подшоҳ баён намудам, то ки маро ба хонаи Еҳӯнотон барнагардонад, ки дар он ҷо бимирам“».
27
Ва ҳамаи мирон назди Ирмиё омада, аз ӯ пурсиданд, ва ӯ бар тибқи ҳамаи ин суханоне ки подшоҳ амр фармуда буд, ба онҳо гуфт, ва онҳо дигар чизе нагуфта, ӯро ба ҳоли худ гузоштанд, чунки аз мусоҳибаи ӯ вуқуф наёфтанд.
28
Ва Ирмиё то рӯзи забт гардидани Ерусалим дар саҳни посгоҳ монд. Ва Ерусалим забт гардид.
← Chapter 37
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 39 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52