bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 27
Jeremiah 27
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 28 →
1
Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2
Худованд ба ман чунин гуфт: «Бандҳо ва юғҳо барои худ бисоз, ва онҳоро бар гардани худ бимон.
3
Ва онҳоро назди подшоҳи Адӯм, ва подшоҳи Мӯоб, ва подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ва подшоҳи Сӯр, ва подшоҳи Сидӯн ба воситаи қосидоне ки ба Ерусалим назди Сидқиё подшоҳи Яҳудо меоянд, бифирист.
4
Ва ба онҳо амр фармо, ки ба оғоёин худ бигӯянд: „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: ба оғоёни худ чунин бигӯед:
5
Ман замин, одамизод ва чорпоёнеро, ки бар рӯи заминанд, бо қудрати азими Худ ва бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардам, ва онро ба касе ки дар назари Ман писанд омад, додам.
6
Ва алҳол Ман ҳамаи ин заминҳоро ба дасти бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил супурдам; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам, то ки хизмати ӯро ба ҷо оваранд.
7
Ва ҳамаи халқҳо ба ӯ, ва ба писараш, ва ба писари писараш хизмат хоҳанд кард, то замоне ки навбати замини ӯ низ бирасад, ва он гоҳ халқҳои бисьёр ва подшоҳони бузург ӯро бандаи худ хоҳанд гардонид.
8
Ва агар халқе ва мамлакате ба ӯ, яъне ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кардан нахоҳанд, ва гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам накунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — он халқро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод, то онҳоро бо дасти ӯ талаф намоям.
9
Ва шумо ба анбиёи худ, ва ба соҳирони худ, ва ба хобгузорони худ, ва ба фолбинони худ, ва ба ҷодугарони худ, ки ба шумо мегӯянд: «Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард», — гӯш надиҳед,
10
Зеро онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки шуморо аз заминатон дур созанд, ва Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед.
11
Валекин халқе ки гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам карда, ба ӯ хизмат мекунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — онҳоро бар заминашон хоҳам гузошт, ва онҳо онро киштукор хоҳанд кард ва дар он сокин хоҳанд шуд“».
12
Ва ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо ман ҳамаи ин суханонро ба забон оварда, гуфтам: «Гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам кунед, ва ба ӯ ва қавми ӯ хизмат кунед, — ва зинда хоҳед монд.
13
Чаро ту ва қавми ту аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо бимиред, чунон ки Худованд дар бораи халқе ки ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳанд кард, гуфтааст?
14
Ва ба суханони анбиёе ки ба шумо мегӯянд: „Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард“, гӯш надиҳед, чунки онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд.
15
Зеро Ман онҳоро нафиристодаам, — мегӯяд Худованд, — балки онҳо ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед, — шумо ва анбиёе ки ба шумо нубувват мекунанд».
16
Ва ба коҳинон ва тамоми ин қавм ман рӯ оварда, гуфтам: «Худованд чунин мегӯяд: ба суханони анбиёи худ, ки ба шумо нубувват карда, мегӯянд: „Инак, зарфҳои хонаи Худованд акнун ба зудӣ аз Бобил баргардонида хоҳад шуд“, гӯш надиҳед, зеро ки онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд.
17
Ба онҳо гӯш надиҳед, ба подшоҳи Бобил хизмат кунед ва зинда монед; чаро ин шаҳр харобазор шавад?
18
Ва агар онҳо анбиё бошанд, ва агар каломи Худованд бо онҳо бошад, бигзор пеши Худованди лашкарҳо шафоат намоянд, ки зарфҳое ки дар хонаи Худованд, ва дар хонаи подшоҳи Яҳудо, ва дар Ерусалим боқӣ мондааст, ба Бобил бурда нашавад.
19
Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд дар бораи сутунҳо ва обанбор ва пояҳо ва дигар зарфҳое ки дар ин шаҳр боқӣ мондааст,
20
Ки онҳоро Набукаднесар подшоҳи Бобил нагирифтааст, ҳангоме ки Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи мирони Яҳудо ва Ерусалимро аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурдааст, —
21
Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил дар бораи зарфҳое ки дар хонаи Худованд ва дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим боқӣ мондааст, чунин мегӯяд:
22
Онҳо ба Бобил бурда хоҳад шуд ва то рӯзе ки Ман онҳоро тафаққуд намоям, дар он ҷо хоҳад монд, — мегӯяд Худованд; — ва он гоҳ онҳоро берун оварда, ба ин макон хоҳам баргардонид».
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52