bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jeremiah 52
Jeremiah 52
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 51
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
1
Сидқиё бисту яксола буд, ки ба подшоҳӣ шурӯъ намуд, ва ёздаҳ сол подшоҳӣ кард; ва номи модари ӯ Ҳамутал бинти Ирмиё аз Либно буд.
2
Ва ӯ он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи Еҳӯёқим ба амал оварда буд.
3
Зеро ба сабаби ғазаби Худованд ин дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба тавре ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ рад кард; ва Сидқиё ба подшоҳи Бобил осӣ шуд.
4
Ва дар соли нӯҳуми подшоҳии ӯ, дар моҳи даҳум, дар рӯзи даҳуми моҳ воқеъ шуд, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил, худаш ва тамоми лашкараш, назди Ерусалим омад, ва бар зидди он ӯрду заданд, ва девори муҳосира гирдогирди он бино карданд.
5
Ва шаҳр то соли ёздаҳуми подшоҳ Сидқиё дар муҳосира буд.
6
Дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, қаҳтӣ дар шаҳр пурзӯр шуд, ва барои қавми замин нон набуд.
7
Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи ҷанговарон гурехтанд, ва шабона ба воситаи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор, дар наздикии боғи подшоҳ буд, аз шаҳр баромаданд, ва дар сурате ки калдониён гирдогирди шаҳр буданд, бо роҳи чӯл равона шуданд.
8
Ва лашкари калдониён подшоҳро таъқиб карданд, ва дар чӯли Ериҳӯ ба Сидқиё расида гирифтанд, ва тамоми лашкараш аз пеши ӯ пароканда шуда рафтанд.
9
Ва подшоҳро дастгир карданд, ва ӯро назди подшоҳи Бобил ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд; ва дар ҳаққи ӯ ҳукми худро эълон кард.
10
Ва подшоҳи Бобил писарони Сидқиёро дар пеши назари ӯ қатл кард; ва ҳамаи мирони Яҳудоро низ дар Рибло ба қатл расонид.
11
Ва чашмони Сидқиёро кӯр кард; ва ӯро занҷирбанд намуд; ва подшоҳи Бобил ӯро ба Бобил овард, ва ӯро то рӯзи вафоташ дар зиндон андохт.
12
Ва дар моҳи панҷум дар рӯзи даҳуми моҳ, ки соли нуздаҳуми подшоҳии Набукаднесар подшоҳи Бобил буд, сардори посбонон Набузаръадон, ки ба ҳузури подшоҳи Бобил меистод, ба Ерусалим омад.
13
Ва хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим ва ҳар хонаи бузургонро ба оташ сӯзонид.
14
Ва тамоми лашкари калдониён, ки ҳамроҳи сардори посбонон буданд, ҳамаи ҳисорҳои гирдогирди Ерусалимро хароб карданд.
15
Ва сардори посбонон Набузаръадон баъзе аз бенавоёни қавм ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи подшоҳи Бобил гузашта буданд, ва бақияи оммаро ба асирӣ бурд.
16
Вале сардори посбонон Набузаръадон баъзе аз бенавоёни заминро барои токдорӣ ва зироаткорӣ вогузошт.
17
Ва калдониён сутунҳои мисро, ки дар хонаи Худованд буд, ва пояҳо ва обанбори мисро, ки дар хонаи Худованд буд, шикастанд, ва тамоми миси онҳоро ба Бобил бурданд.
18
Ва дегҳо, ва хокандозҳо, ва кордҳо, ва косаҳо, ва қошуқҳо, ва тамоми асбоби мисро, ки дар вақти ибодат кор мефармуданд, гирифта бурданд.
19
Ва сардори посбонон пиёлаҳо, ва маҷмарҳо, ва косаҳо, ва дегҳо, ва чароғҳо, ва қошуқҳо, ва дӯлчаҳоро, — хоҳ аз тилло буд, хоҳ аз нуқра, — гирифта бурд.
20
Сутунҳо дуто, обанбор якто ва барзаговҳои мисин дувоздаҳто буд, ки зери пояҳо буд, ва подшоҳ Сулаймон онҳоро барои хонаи Худованд сохта буд, — вазни миси тамоми ин асбоб аз ҳад зиёд буд.
21
Ва ин сутунҳо, яъне ҳар як сутун ҳаждаҳ зироъ баландӣ дошт, ва риштае ба дарозии дувоздаҳ зироъ онро дар бар мегирифт, ва он дарунхолӣ буда, ғафсии деворҳояш чор ангушт буд.
22
Ва тоҷе бар он аз мис буд; ва баландии як тоҷ панҷ зироъ буд; ва бар тоҷ гирдогирд шабака ва анорҳо буд, — ҳамааш аз мис; айни ҳамин чизҳо ва анорҳо бар сутуни дуюм буд.
23
Ва наваду шаш анор рӯй ба берун буда, ҳамаи анорҳо гирдогирди шабака садто буд.
24
Ва сардори посбонон Сароёи саркоҳин ва Сафаньёи коҳини дуюм ва се посбони даромадгоҳро гирифт;
25
Ва аз шаҳр як хоҷасаройро, ки сардори ҷанговарон буд, ва ҳафт нафар муқаррабони подшоҳро, ки дар шаҳр буданд, ва мирзои сарлашкарро, ки бо сафарбарии қавми мамлакат машғул буд, ва шаст нафарро, ки аз қавми мамлакат дар шаҳр буданд, гирифт;
26
Ва сардори посбонон Набузаръадон онҳоро гирифта, назди подшоҳи Бобил ба Рибло бурд.
27
Ва подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, зада ба қатл расонид; ва аҳли Яҳудо аз замини худ ба асирӣ рафтанд.
28
Ин аст адади қавме ки Набукаднесар ба асирӣ бурд: дар соли ҳафтум се ҳазору бисту се нафар яҳудиён;
29
Дар соли ҳаждаҳуми Набукаднесар аз Ерусалим ҳаштсаду сию ду нафар;
30
Дар соли бисту сеюми Набукаднесар сардори посбонон Набузаръадон ҳафтсаду чилу панҷ нафар яҳудиёнро ба асирӣ бурд; ҷамъ чор ҳазору шашсад нафар.
31
Ва дар соли сию ҳафтуми асирии Еҳӯёкин подшоҳи Яҳудо, дар моҳи дувоздаҳум, дар рӯзи бисту панчуми моҳ воқеъ шуд, ки Эвил‐Мерӯдах подшоҳи Бобил дар соли аввали подшоҳии худ Еҳӯёкин подшоҳи Яҳудоро сарафроз кард ва ӯро аз зиндон баровард.
32
Ва ба ӯ суханони нек гуфт, ва тахти ӯро аз тахти подшоҳоне ки бо вай дар Бобил буданд, болотар гузошт.
33
Ва либоси зиндонии ӯро иваз намуд, ва ӯ ҳамеша, тамоми айёми умраш, ба ҳузури вай нон мехӯрд.
34
Ва хӯроки ӯ, хӯроки доимӣ, ба ӯ аз ҷониби подшоҳи Бобил рӯз ба рӯз, то рӯзи вафоти ӯ, тамоми айёми умри ӯ дода мешуд.
← Chapter 51
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52