bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 1
Proverbs 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 2 →
1
Масалҳои Сулаймон, ибни Довуд, подшоҳи Исроил,
2
Барои донистани ҳикмат ва насиҳат, барои фаҳмидани суханони хирад,
3
Ва омӯхтани хулқу адаб, адолат, инсоф ва ҳаққоният,
4
То ки ба соддадилон зиракӣ бахшанд, ба ҷавонон — дониш ва фаросат;
5
Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад,
6
То ки масал ва гуфтори кинояомезро, суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк намояд.
7
Худотарсӣ ибтидои дониш аст; беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд.
8
Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун,
9
Чунки ин — тоҷи латофат аст бар сари ту ва тавқҳо бар гардани ту.
10
Эй писарам! Агар гуноҳкорон туро иғво кунанд, ба онҳо таслим нашав;
11
Агар гӯянд: «Бо мо биё, то ки барои рехтани хун камин гирем, аз паи бегуноҳе ки беайб бошад, бипоем;
12
Онҳоро зинда ба зинда, мисли касоне ки дар гӯр ва ба сояи дӯзах фурӯ мераванд; ба коми худ бикашем;
13
Ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ба даст меоварем, хонаҳои худро аз ғанимат пур мекунем;
14
Бо мо ҳамдасту шарик бош, ва ҳамаи моро як ҳамьён хоҳад буд», —
15
Эй писарам! Бо онҳо дар як роҳ равона нашав, ва пои худро аз тариқи онҳо нигоҳ дор,
16
Чунки пойҳои онҳо сӯи бадӣ медавад ва барои хунрезӣ мешитобад.
17
Дар назари ҳамаи болдорон дом бар абас ниҳода шудааст,
18
Валекин онҳо барои рехтани хуни худ камин мегиранд ва аз паи ҷонҳои худ мепоянд.
19
Чунин аст тариқи ҳар касе ки ба чизи дигарон тамаъ кунад: он чиз ҷони тасарруфкунандаи худро мегирад.
20
Ҳикмат дар кӯча нидо мекунад, дар майдонҳо овози худро мебарорад,
21
Дар сари гузарҳо даъват менамояд, дар даҳани дарвозаҳо ва дар шаҳр суханонашро мегӯяд:
22
«Эй соддадилон! То ба кай соддагиро дӯст хоҳед дошт? То ба кай масхарабозон аз масхарабозӣ лаззат хоҳанд бурд? Ва аблаҳон ба дониш адоват хоҳанд дошт?
23
Ба мазаммати ман руҷӯъ кунед! Инак, рӯҳи худро ба шумо ифода менамоям, суханонамро ба шумо баён мекунам.
24
Ман даъват намудам, ва шумо эътино накардед, дастамро дароз кардам, ва касе таваҷҷӯҳ накард.
25
Чун ҳамаи машваратҳои маро рад кардед, ва мазаммати маро қабул накардед,
26
Ман низ дар вақти мусибати шумо хоҳам хандид, ва ҳангоме ки тарсу бим бар шумо биёяд, истеҳзо хоҳам кард, —
27
Ҳангоме ки тарсу бим бар шумо мисли тундбод биёяд, ва мусибат шуморо мисли гирдбод фаро гирад, ҳангоме ки андӯҳ ва тангӣ бар шумо биёяд.
28
Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард; аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт.
29
Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд ва худотарсиро интихоб накарданд,
30
Машварати маро напазируфтанд, аз ҳамаи мазамматҳои ман нафрат карданд, —
31
Бинобар ин аз меваи рафтори худ хоҳанд хӯрд ва аз дасисаҳои худ сер хоҳанд шуд,
32
Чунки каҷравии соддадилон онҳоро хоҳад кушт, ва худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд.
33
Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд».
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31