bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 26
Proverbs 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 27 →
1
Чунон ки барф дар тобистон ва борон дар мавсими дарав бошад, ончунон иззат ба аблаҳ муносиб нест.
2
Чунон ки мурғак мепарад, чунон ки фароштурук парвоз мекунад, ончунон лаънати ноҳақ ба нишон намерасад.
3
Қамчин барои асп аст, халачӯб барои хар, ва чӯб барои тахтапушти аблаҳон.
4
Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб надеҳ: мабодо ту низ ба вай монанд шавӣ.
5
Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб деҳ: мабодо ба назари худаш хирадманд намояд.
6
Касе ки ба аблаҳ супорише диҳад, ба пойҳои худ нуқсон мерасонад, худро ба азоб мемонад.
7
Чунон ки соқҳои пои ланг печутоб мехӯрад, ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.
8
Касе ки аблаҳро иззат кунад, мисли касест, ки санге дар фалахмон бимонад.
9
Чунон ки дар дасти маст хор медарояд, ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.
10
Оғо ҳама чизро вайрон мекунад, агар аблаҳро киро кунад ва ё роҳгузаронро киро кунад.
11
Чунон ки саг ба қаи худ бармегардад, ончунон аблаҳ беақлии худро такрор мекунад.
12
Оё шахсеро дидаӣ, ки дар назари худаш хирадманд аст? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.
13
Коҳил мегӯяд: «Шер дар сари роҳ аст! Асад дар миёни кӯчаҳост!»
14
Дарвоза бар ошиқ‐маъшуқаш мегардад, вале коҳил бар бистараш.
15
Коҳил дасти худро дар табақ меандозад, ва аз бурдани он ба даҳони худ монда мешавад.
16
Коҳил дар назари худ хирадмандтар аст аз ҳафт касе ки бомулоҳиза ҷавоб медиҳанд.
17
Касе ки ба ҷанҷоли дигарон дахолат кунад, мисли роҳгузарест, ки сагро аз гӯшҳои он бидорад.
18
Чунон ки касе, шӯхикунон, шарораҳои оташ ва тирҳои марговар меандозад,
19
Ончунон аст шахсе ки ёри худро фиреб диҳад ва гӯяд: «Ман фақат шӯхӣ кардам».
20
Ҳезум набошад — оташ хомӯш мешавад, ва бадгӯӣ набошад — ситеза сокит мешавад.
21
Чунон ки ангишт барои оташпораҳо ва ҳезум барои оташ аст, ончунон шахси ситезакор барои ҷанҷол хезондан аст.
22
Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст, ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.
23
Чунон ки ғаши нуқра бар зарфи сафолин андуда мешавад, ончунон лабҳои оташбор ва дили пуркина аст.
24
Бадхоҳ бо лабҳои худ чашмбандӣ мекунад, вале дар ботини худ макрро ҷо медиҳад;
25
Бо овози нарм гап занад ҳам, ба сухани ӯ бовар накун, чунки ҳафт зиштӣ дар дили ӯст;
26
Кинаи ӯ бо найранг рӯпӯш шавад ҳам, оқибат бадии ӯ дар миёни ҷамоат ошкор мегардад.
27
Касе ки чоҳ канад, худаш дар он фурӯ меғалтад, ва касе ки санг ғелонад, он ба худаш бармегардад.
28
Забони дурӯғгуй ба касоне ки неш мезанад, кина дорад, ва даҳони тамаллуқгӯй дом мениҳад.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31