bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 20
Proverbs 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 21 →
1
Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад, ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.
2
Ҳайбати подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст; касе ки ӯро ба хашм оварад, ҷони худро дар хатар мемонад.
3
Аз ҷанҷол дур шудан барои одам шараф аст, вале ҳар шахси беақл манша мекунад.
4
Коҳил зимистон шудгор намекунад, ва дар мавсими дарав толиби ҳосил мешавад — ва намеёбад.
5
Андешаи дили одам обҳои чуқур аст, вале шахси хирадманд онҳоро мекашад.
6
Бисьёр касон ба шахси эҳсонкоре дучор меоянд, вале кист, ки тавонад шахси аминро биёбад?
7
Одил дар беайбии худ рафтор мекунад; хушо писарони ӯ баъд аз ӯ!
8
Подшоҳ, ки бар курсии доварӣ менишинад, бо нигоҳи чашмони худ ҳар бадиро пароканда мекунад.
9
Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам, аз гуноҳи худ пок шудаам»?
10
Сангҳои дигар‐дигар, андозаҳои дигар‐дигар — ҳар дуяш ҳам назди Худованд зишт аст.
11
Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад, ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не.
12
Гӯши шунаво ва чашми бино — ҳар дуяшро ҳам Худованд офаридааст.
13
Хобро дӯст надор: мабодо бенаво гардӣ; чашмонатро воз кун, то ки аз нон сер шавӣ.
14
Харидор мегӯяд: «Бад аст, бад аст»; вале пас аз рафтани худ аз харидаш фахр мекунад.
15
Тилло ва ҷавоҳири бисьёре ҳаст, вале лабҳои оқилона аз ҳар чиз гаронбаҳотар аст.
16
Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст: ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.
17
Нони ҳаром ба кас ширин аст, вале баъд даҳони ӯ аз сангреза пур мешавад.
18
Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд, ва ту бо тадбирсозӣ ҷанг бикун.
19
Хабаркаш сирро ошкор мекунад; пас ту бо даҳаньяла алоқа накун.
20
Касе ки падару модари худро дашном диҳад, чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад.
21
Меросе ки дар аввал бо осонӣ ба даст омада бошад, оқибаташ бобаракат намешавад.
22
Нагӯй: «Барои бадӣ интиқом мегирам»; ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад.
23
Сангҳои дигар‐дигар назди Худованд зишт аст, ва тарозуи нодуруст хуб нест.
24
Қадамҳои кас аз ҷониби Худованд аст; пас одамизод чӣ гуна тавонад роҳи худро бифаҳмад?
25
Чизеро сабукфикрона муқаддас хондан ва баъд аз назр мулоҳиза кардан — дом аст барои одамизод.
26
Подшоҳи хирадманд шариронро пароканда мекунад, ва чархро бар онҳо мегардонад.
27
Рӯҳи одам чароғи Худованд аст, ки тамоми ботинро месанҷад.
28
Эҳсон ва ростӣ подшоҳро нигаҳбонӣ мекунад, ва ӯ тахти худро бо эҳсон тақвият медиҳад.
29
Ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост, ва шавкати пирон — мӯи сафедашон.
30
Ҷароҳатҳои шаллоқ давои шахси бадкор аст, ва зарбу лат, ки андаруни батн фурӯ меравад.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31