bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 3
Proverbs 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 4 →
1
Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун, ва бигзор дили ту аҳкоми маро маҳфуз дорад,
2
Зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт ва осоиштагиро барои ту афзун хоҳанд кард.
3
Бигзор эҳсон ва ростӣ туро тарк накунанд: онҳоро бар гардани худ бибанд, ва бар лавҳи дили худ бинавис,
4
Ва дар назари Худо ва одамон таваҷҷӯҳ ва шиносоии нек пайдо хоҳӣ кард.
5
Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такья накун.
6
Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард.
7
Дар назари худат хирадманд набош, аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав:
8
Ин барои нофи ту офият ва барои устухонҳои ту илик хоҳад шуд.
9
Аз дороии худ ва аз гузини тамоми ҳосилоти худ Худовандро ҷалол деҳ,
10
Ва анборҳои ту то ба ҳадди фаровонӣ пур хоҳад шуд, ва чархуштҳои ту аз шираи ангур лабрез хоҳад гардид.
11
Эй писарам! Ҷазои Худовандро рад накун, ва аз мазаммати Ӯ дилгир нашав,
12
Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад, ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд.
13
Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст!
14
Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст.
15
Он аз ҷавоҳир азизтар аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест.
16
Дар ямини он дарозии айём аст, ва дар дасти чапи он — сарват ва ҷалол.
17
Роҳҳои он роҳҳои хуш аст, ва ҳамаи тариқҳои он — осоиштагӣ.
18
Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст, — ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!
19
Худованд заминро бо ҳикмат буньёд кард, осмонро бо хирад барқарор намуд.
20
Бо ҳикмати Ӯ вартаҳо шикофта шуд, ва абрҳо шабнамро меборонад.
21
Эй писарам! Ин чизҳо аз назарат дур нашавад; зеҳн ва фаросатро нигоҳдорӣ намо, —
22
Ва онҳо барои ҷони ту ҳаёт ва барои гардани ту зевар хоҳанд буд.
23
Он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд, ва пои ту нахоҳад лағжид.
24
Вақте ки хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид; ва чун хобат барад, хоби ту ширин хоҳад буд.
25
Аз ваҳми ногаҳонӣ нахоҳӣ тарсид, ва аз ситами шарирон, вақте ки падид ояд,
26
Зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт.
27
Аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷе даст накаш, вақте ки кардани он аз дастат ояд.
28
Ба ёри худ нагӯй: «Бирав ва бозгард, ва фардо хоҳам дод», вақте ки дар пеши худ дошта бошӣ.
29
Дар ҳаққи ёри худ андешаи бад накун, вақте ки вай пеши ту бо эътимод нишаста бошад.
30
Бо касе бе сабаб муноқиша накун, вақте ки вай ба ту бадӣ накарда бошад.
31
Аз шахси золим ҳасад набар, ва аз роҳҳои вай ҳеҷ якеро интихоб накун,
32
Зеро ки каҷкор назди Худованд зишт аст, аммо бо росткорон Ӯ маҳрами асрор аст.
33
Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад.
34
Масхарабозонро Ӯ албатта тамасхур мекунад, лекин ба фурӯтанон файз мебахшад.
35
Хирадмандон вориси ҷалол мешаванд, вале аблаҳон ба худ нанг меоваранд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31