bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 23
Proverbs 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 24 →
1
Вақте ки бо ҳоким ба хӯрок хӯрдан биншинӣ, ба он чи пеши назари туст, ба хубӣ диққат намо,
2
Ва корде дар ҳалқуми худ бимон, агар одами пурхӯр бошӣ:
3
Таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун, чунки ин хӯроки назарфиреб аст.
4
Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш; тадбирсозиҳои худро тарк намо.
5
Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст? Зеро ки он барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад.
6
Хӯроки бахилро нахӯр, ва таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,
7
Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад, худаш низ ҳамон гуна аст: «Бихӯр ва бинӯш!» — мегӯяд ӯ ба ту, вале дили ӯ бо ту нест.
8
Луқмае ки хӯрдаӣ, қай мекунӣ, ва суханони неки худро барбод медиҳӣ.
9
Ба гӯши аблаҳ гап назан, чунки аз суханони оқилонаи ту нафрат дорад.
10
Марзаи қадимиро накӯчон, ва ба киштзори ятимон дохил нашав,
11
Чунки Раҳокунандаи онҳо боқудрат аст: Ӯ даъвои онҳоро бо ту доварӣ мекунад.
12
Дили худро ба насиҳат моил намо, ва гӯши худро — ба суханони оқилона.
13
Аз бача ҷазоро дареғ надор; агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад:
14
Ту ӯро бо чӯб мезанӣ, ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ.
15
Эй писарам! Агар дили ту бохирад шавад, дили ман низ шод мегардад,
16
Ва ботини ман хурсанд мешавад, вақте ки лабҳои ту ба ростӣ сухан ронад.
17
Бигзор дили ту аз гуноҳкорон ҳасад набарад, балки аз онҳое ки ҳамеша тарсгори Худованд бошанд,
18
Чунки дар ҳақиқат оқибате ҳаст, ва умеди ту барбод нарафтааст.
19
Эй писарам! Бишнав ва хирадманд бош, ва дили худро ба роҳи рост ҳидоят намо.
20
Дар миёни мастон набош, ва дар миёни онҳое ки аз ҳад зиёд аз гӯштхӯрӣ лаззат мебаранд,
21
Чунки мастон ва пурхӯрон бенаво мешаванд, ва серхобӣ жандапӯш мегардонад.
22
Ба падари худ, ки туро ба дуньё овардааст, гӯш андоз; ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун.
23
Ростиро бихар ва онро нафурӯш; ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро низ.
24
Падари шахси одил хурсандӣ мекунад, ва касе ки хирадмандро ба дуньё овардааст, аз вай шод мешавад.
25
Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд, ва касе ки туро ба дуньё овардааст, хурсандӣ кунад.
26
Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ, ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,
27
Чунки фоҳиша ҷари чуқур аст, ва зани зинокор — чоҳи танг;
28
Вай яқинан мисли роҳзане камин мегирад ва хоинонро дар миёни мардум афзун мекунад.
29
Оҳ аз они кист? Воҳ аз они кист? Ситезаҳо аз они кист? Андӯҳ аз они кист? Ҷароҳатҳои бесабаб аз они кист? Ҷашмони сурхтоб аз они кист?
30
Аз они онҳоест, ки пайваста шароб менӯшанд, ва барои чашидани шароби дорувордор меоянд.
31
Ба шароб назар надӯз, ки чӣ гуна сурхча метобад, чӣ гуна дар қадаҳ мавҷ мезанад, чӣ гуна бемалол ба гулӯ меравад,
32
Лекин оқибат мисли мор мегазад, ва мисли афъӣ заҳр мезанад;
33
Чашмони ту манзараҳои аҷибу ғарибе мебинад, ва дили ту ба каҷгуфторӣ моил мешавад;
34
Ва ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёнҷои баҳр хобида бошад, ва мисли касе ки бар сари сутуни киштӣ хобида бошад;
35
Ва мегӯӣ: «Маро заданд, вале дардро ҳис накардам; маро кӯфтанд, вале нафаҳмидам. Вақте ки бедор шавам, боз ва боз ҳамон чизро ҷустуҷӯ мекунам».
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31