bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 19
Proverbs 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 20 →
1
Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст, беҳ аз каҷгуфторе ки аблаҳ бошад.
2
Бепарвогии ҷон ҳам хуб нест, ва касе ки бо пойҳои худ шитобад, пешпо мехӯрад.
3
Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад, вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.
4
Сарват ёрони бисьёрро ҳамроҳ мекунад, вале бенаво аз ёри худ ҷудо мешавад.
5
Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, раҳо намешавад.
6
Бисьёр касон дидори валинеъматро толибанд, ва ҳама ёри шахси инъомдеҳ ҳастанд.
7
Ҳамаи бародарони бенаво аз ӯ нафрат мекунанд, алалхусус ёронаш аз ӯ дур мешаванд; аз паи ваъдаҳошон медавад, аммо нестанд.
8
Касе ки ҳикмат пайдо кунад, ҷони худро дӯст медорад; касе ки хирадро нигоҳ дорад, файз меёбад.
9
Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, ба ҳалокат мерасад.
10
Ба аблаҳ айшу тараб намезебад, алалхусус ба ғулом — ҳукмронӣ бар мирон.
11
Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
12
Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст, ва хусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли шабнам аст бар алаф.
13
Писари аблаҳ фалокат аст барои падар, ва ситезаҳои зан мисли чак‐чаки шилқин аст.
14
Хона ва дороӣ мероси падарон аст, вале зани соҳибфаҳм аз ҷониби Худованд аст.
15
Коҳилӣ касро хоболуд мегардонад, ва шахси танбал гирифтори гуруснагӣ мешавад.
16
Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд, вале касе ки ба роҳҳои худ беэътиноӣ кунад, ба ҳалокат мерасад.
17
Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.
18
Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст, ва аз гирьяи ӯ ҷони худро накоҳон.
19
Пурхашм албатта ҷазо мебинад, чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.
20
Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.
21
Дар дили одам фикрҳо бисьёр аст, вале фақат нақши Худованд ба амал меояд.
22
Ифтихори одам эҳсонкории ӯст, ва бенаво беҳ аз шахси каззоб.
23
Худотарсӣ боиси ҳаёт аст, ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.
24
Коҳил дасти худро дар табақ меандозад, ва онро ҳатто ба даҳони худ намебарад.
25
Масхарабозро шаллоқ занӣ, соддадил ҳушьёр мешавад; оқилро мазаммат намоӣ, насиҳатро дарк мекунад.
26
Писари нанговар ва беор падарро тороҷ мекунад, ва модарро меронад.
27
Эй писарам! Шунидани пандро бас кун, агар аз суханони дониш дур мешуда бошӣ.
28
Шоҳиди сафил довариро тамасхур мекунад, ва даҳони шарирон талбисро фурӯ мебарад.
29
Қасосҳо барои масхарабозон муҳайёст, ва зарбу латҳо — барои ҷисми аблаҳон.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31