bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 13
Proverbs 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 14 →
1
Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад, вале масхарабоз итобро намешунавад.
2
Аз самари даҳони худ кас некӯиро мечашад, вале ҷони хоинон — зулмро.
3
Касе ки даҳони худро нигоҳ дорад, ҷонашро муҳофизат мекунад, вале касе ки даҳони худро калон кушояд, ба вай осеб мерасад.
4
Ҷони коҳил ҳавас мекунад, ва натиҷае нест; вале ҷони ғайратмандон сер мешавад.
5
Одил аз гапи дурӯғ кароҳат дорад, вале шарир бадном ва расво мешавад.
6
Адолат ростравро нигаҳбонӣ мекунад, вале шарорат хатокорро ба ҳалокат мерасонад.
7
Яке худро сарватманд нишон медиҳад, ва чизе надорад; вале дигаре худро бенаво нишон медиҳад, ва сарвати зиёде дорад.
8
Сарвати одам фидияи ҷони ӯст; вале бенаво таҳдидро намешунавад.
9
Нури одилон шодиёна медурахшад, вале чароғи шарирон хомӯш мешавад,
10
Аз ғурур фақат низоъ ба миён меояд, вале ҳикмат бо хоксорони машваратшунав аст.
11
Сарвате ки аз ҳеҷу пуч пайдо шуда бошад, торафт кам мешавад, вале касе ки бо амали дасташ ғун карда бошад, онро афзун менамояд.
12
Умедвории дуру дароз дилро бемор мекунад, вале муроде ки ҳосил шуда бошад, дарахти ҳаёт аст.
13
Касе ки ба калом беэътиноӣ кунад, ба худаш осеб мерасонад; вале касе ки аз аҳком тарсон бошад, мукофот меёбад.
14
Таълими хирадманд чашмаи ҳаёт аст, ки аз домҳои мамот дур мекунад.
15
Ақли расо ҷозиба мебахшад, вале роҳи хоинон сахт аст.
16
Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад, вале аблаҳ беақлиро нишон медиҳад.
17
Элчии шарир ба бало мемонад, вале қосиди амин тасаллӣ мебахшад.
18
Бенавоӣ ва нанг насиби касест, ки насиҳатро рад кунад; вале касе ки мазамматро қабул кунад, мӯҳтарам мешавад.
19
Муроде ки ҳосил шуда бошад, барои ҷон хуш аст, ва дур шудан аз бадӣ барои аблаҳон зишт аст.
20
Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад.
21
Хатокоронро бадӣ таъқиб мекунад, вале одилон мукофоти нек меёбанд.
22
Некӯкор ба писарони писаронаш мерос боқӣ мегузорад, вале сарвати хатокор барои одил саришта карда мешавад.
23
Дар киштзори бенавоён озуқа бисьёр аст, вале аз боиси бесомонӣ нобуд мешаванд.
24
Касе ки чӯбро дареғ дорад, писари худро дӯст намедорад; вале касе ки ӯро дӯст дорад, аз бачагиаш ҷазо медиҳад.
25
Одил барои серии ҷонаш мехӯрад, вале шиками шарирон мӯҳтоҷӣ мекашад.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31