bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 31
Proverbs 31
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 30
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
1
Суханони Лемуил, подшоҳи Массо, ки модараш ба ӯ таълим додааст:
2
Эй писарам, ва эй писари батнам, ва эй писари назрҳоям!
3
Қуввати худро ба занон надеҳ, ва роҳҳои худро ба он чи подшоҳонро маҳв мекунад.
4
Подшоҳонро шоиста нест, эй Лемуил, подшоҳонро шоиста нест, ки шароб нӯшанд, ва миронро, ки бӯза талаб кунанд:
5
Мабодо бинӯшанд ва қонунро фаромӯш кунанд, ва доварии тамоми аҳли фақрро таҳриф намоянд.
6
Бӯзаро ба гирифтори ҳалокат бидеҳ, ва шаробро — ба ҷонҳои талхком.
7
Бигзор вай нӯшида, бенавоии худро фаромӯш кунад, ва азоби худро дигар ба ёд наоварад.
8
Даҳони худро барои безабон воз кун, ва барои даъвои тамоми аҳли эҳтиёҷ.
9
Даҳони худро барои адлу инсоф воз кун, ва барои даъвои бенаво ва мискин.
10
Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад? Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст.
11
Шавҳари вай аз вай дилпур аст, ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард.
12
Вай тамоми айёми умри худ ба ӯ некӣ мекунад, ва на бадӣ.
13
Пашм ва катон пайдо мекунад, ва бо шавқу ҳавас бо дастҳои худ кор мекунад.
14
Вай мисли киштиҳои тоҷирон аст: хӯроки худро аз дур ёфта меоварад.
15
Ва ҳангоме ки ҳанӯз шаб аст, вай бархоста, ба аҳли байти худ хӯрок ва ба канизони худ ротиба медиҳад.
16
Ба фикри киштзор афтода, онро мехарад; аз самари дастҳои худ ниҳолҳои ток мешинонад.
17
Камари худро маҳкам мебандад, ва дасту остин бармезанад.
18
Чун мебинад, ки доду муомилай вай хуб аст, чароғи вай шабона хомӯш намешавад.
19
Дастҳои худро сӯи чархи ресмонресӣ дароз мекунад, ва кафҳои вай дугро нигоҳ медорад.
20
Кафи худро барои бенаво мекушояд, ва дастҳои худро сӯи мискин дароз мекунад.
21
Оид ба аҳли байти худ аз барф наметарсад, чунки тамоми аҳли байти вай либоси пашмин пӯшидаанд.
22
Барои худ қолинҳо мебофад; катон ва арғувон пероҳани вай аст.
23
Шавҳари вай назди дарвозаҳо машҳур аст, вақте ки бо пирони сарзамин менишинад.
24
Вай яктакҳои катон дӯхта мефурӯшад, ва камарбандҳо ба тоҷирон медиҳад.
25
Қувват ва шавкат пероҳани вай аст, ва оид ба рӯзи оянда вай механдад.
26
Даҳони худро ба ҳикмат мекушояд, ва таълими ҳалимона бар забони вай аст.
27
Ба рӯзгори хонаи худ назорат мекунад, ва нони коҳилиро намехӯрад.
28
Фарзандони вай бархоста, ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад:
29
«Духтарони бисьёр корҳои нек кардаанд, вале ту аз ҳамаи онҳо бартарӣ дорӣ».
30
Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст; зане ки аз Худованд метарсад, сазовори ситоиш аст.
31
Ба вай аз самари дастҳои вай бидиҳед, ва бигзор корҳояш варо назди дарвозаҳо ҳамд гӯяд!
← Chapter 30
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31