bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 16
Proverbs 16
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 17 →
1
Андешаҳои дил аз они одам аст, вале ҷавоби забон аз ҷониби Худованд аст.
2
Ҳамаи роҳҳои одам дар назари вай пок аст, вале Худованд рӯҳҳоро месанҷад.
3
Корҳои худро ба Худованд бисупор, ва нақшаҳои ту муваффақият хоҳад ёфт.
4
Ҳар чизро Худованд ба мақсади он мувофиқ сохтааст, ва шарирро низ барои рӯзи бад.
5
Ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст; яқин аст, ки беҷазо намемонад.
6
Гуноҳ бо эҳсон ва ростӣ кафорат мешавад, ва бо худотарсӣ кас аз бадӣ дур мешавад.
7
Агар роҳҳои одам ба Худованд мақбул бошад, душманонашро низ бо вай оштӣ медиҳад.
8
Дороии ками боадолат беҳ аз мадохили фаровони ноинсофона.
9
Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад, вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.
10
Ҳукми илоҳие бар лабҳои подшоҳ аст: даҳони ӯ дар доварӣ саҳв намекунад.
11
Шоҳини тарозу ва паллаҳои дурусти он аз они Худованд аст; ҳамаи сангҳои киса низ амали Ӯст.
12
Кирдори шарирона назди подшоҳон зишт аст, чунки тахт бо адолат қоим аст.
13
Лабҳои адлгуфтор ба подшоҳон мақбул аст, ва ростгӯёнро онҳо дӯст медоранд.
14
Ғазаби подшоҳ малакулмавт аст, вале шахси хирадманд онро нарм мекунад.
15
Дар нури чеҳраи подшоҳ ҳаёт аст, ва ҳусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли абри охири баҳор аст.
16
Пайдо кардани ҳикмат аз тилло хеле беҳтар аст, ва пайдо кардани хирад аз нуқра афзалтар.
17
Роҳи росткорон — аз бадӣ дур шудан аст: касе ки роҳи худро нигоҳ дорад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад.
18
Моқабли шикаст ғурур аст, ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ.
19
Бо фурӯтанон шикастанафс будан беҳ аз тақсим кардани ғанимат бо мағрурон.
20
Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад, файз меёбад, ва хушо касе ки ба Худованд таваккал мекунад!
21
Донодил оқил номида мешавад, ва ширинии лабҳо донишро меафзояд.
22
Ақл барои соҳибони худ чашмаи ҳаёт аст, вале беақлӣ ҷазои беақлон аст.
23
Дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд.
24
Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин ва барои устухонҳо шифобахш аст.
25
Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.
26
Ҳирси меҳнаткаш барои ӯ меҳнат мекунад, зеро ки иштиҳои ӯ ӯро маҷбур менамояд.
27
Шахси сафил бадандеш аст, ва бар лабҳои ӯ гӯё ки оташи сӯзоне ҳаст.
28
Шахси каҷгуфтор нифоқҳо меандозад, ва бадгӯй дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
29
Шахси золим ёри худро фирефта мекунад, ва ӯро бо роҳи нодуруст мебарад.
30
Он ки чашмак мезанад, дасисае хаёл карда мебарорад; он ки лабҳои худро мегазад, бадиро ба итмом мерасонад.
31
Тоҷи ҷалолат мӯйсафедист, ки он дар роҳи адолат муяссар мегардад.
32
Собир беҳ аз баҳодур, ва шахси худдор беҳ аз шаҳрситон.
33
Қуръа дар доман партофта мешавад, вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31