bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 17
Proverbs 17
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 18 →
1
Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад.
2
Ғуломи соҳибфаҳм бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад, ва дар миёни бародарон меросро тақсим мекунад.
3
Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад.
4
Бадкеш ба лабҳои талбискор диққат мекунад; козиб ба забони фалокатбор гӯш медиҳад.
5
Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад; касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.
6
Тоҷи пирон писарони писаронанд, ва ҷалолати писарон — падару модари онҳо.
7
Забони калонгап ба нокас намезебад, алалхусус забони дурӯғгӯй — ба валинеъмат.
8
Инъом дар назари соҳибони он санги гаронбаҳост; ба ҳар сӯ рӯ оварад, муваффақият меёбад.
9
Касе ки гуноҳро рӯпӯш кунад, толиби муҳаббат аст; вале касе ки онро такроран хотиррасон намояд, дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
10
Як итоб ба оқил бештар таъсир мекунад, назар ба сад қамчин ба аблаҳ.
11
Шарир фақат фитнаро толиб аст, ва ба муқобили ӯ қосиди бераҳм фиристода мешавад.
12
Вохӯрдан бо хирси бачагумкарда барои одам беҳ аз вохӯрдан бо аблаҳ дар вақти беақлии вай.
13
Касе ки дар ивази некӣ бадӣ кунад, аз хонаи вай бадӣ дур намешавад.
14
Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст: пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун.
15
Сафедкунандаи шарир ва айбдоркунандаи одил — ҳар дуяшон ҳам назди Худованд зиштанд.
16
Чаро сарват дар дасти аблаҳ бошад? Барои харидани ҳикмат ӯ фаҳме надорад.
17
Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад.
18
Одами беақл дасти паймон медиҳад ва ба ёри худ зомин мешавад.
19
Касе ки ҷанҷолро дӯст дорад, гуноҳро дӯст медорад; касе ки ҳавобаландона даҳон кушояд, толиби шикаст аст.
20
Каҷдил некӯӣ намеёбад, ва забони каҷгуфтор ба бало гирифтор мешавад.
21
Касе ки аблаҳро ба дуньё оварад, барои андӯҳи худи ӯст, ва падари фарзанди нокас шод намешавад.
22
Дили шод саломатӣ мебахшад, вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад.
23
Шарир ришваро аз кисаи бағалӣ мегирад, то ки роҳҳои инсофро таҳриф намояд.
24
Ҳикмат дар рӯ ба рӯи шахси оқил аст, вале чашмони аблаҳ дар ақсои замин аст.
25
Писари аблаҳ барои падари худ алам ва барои модари худ талхӣ мебошад.
26
Ҷарима ниҳодан бар одил низ хуб нест, алалхусус задани наҷибон аз барои росткорӣ.
27
Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад, ва шахси хирадманд хунсард аст.
28
Беақл низ, агар хомӯш нишинад, хирадманд ҳисоб меёбад: касе ки лабҳои худро бандад, оқил аст.
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31