bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 21
Proverbs 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 22 →
1
Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.
2
Ҳар роҳи одам дар назари вай рост аст, вале Худованд дилҳоро месанҷад.
3
Риоя кардани адлу инсоф назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
4
Чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур манбаи гуноҳи шарирон аст.
5
Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст, вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад.
6
Пайдо кардани ганҷҳо бо забони дурӯғгӯй — саъи беҳудаи толибони мамот аст.
7
Зулми шарирон онҳоро ба ҳалокат мерасонад, чунки аз риояти инсоф даст кашидаанд.
8
Роҳи касе ки аз адл бегона аст, пур аз дасисаҳост, вале ҳар кӣ пок бошад, амали ӯ рост аст.
9
Зистан дар гӯшаи бом беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.
10
Ҷони шарир бадиро орзу мекунад; дар назари ӯ ёраш ҳам эҳтиром надорад.
11
Ҳангоме ки масхарабоз ҷазо ёбад, соддадил хирадманд мешавад; ва ҳангоме ки хирадманд соҳиби фаҳм гардад, ӯ дониш пайдо мекунад.
12
Одил ба хонаи шарир менигарад, ки чӣ гуна шарирон ба бало гирифтор мешаванд.
13
Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад, худаш низ фарьёд занад, фарьёдрас намеёбад.
14
Инъоми ниҳонӣ хашмро фурӯ менишонад, ва ришваи кисагӣ — ғазаби сахтро.
15
Риояти инсоф шодмонӣ барои одилон, ва тарсу ҳарос барои бадкирдорон аст.
16
Одаме ки аз роҳи хирад дур шуда бошад, дар ҷамоати мурдагон сокин мешавад.
17
Касе ки айшу ишратро дӯст дорад, бенаво мешавад; касе ки шароб ва равғанро дӯст дорад, сарватдор намешавад.
18
Барои одил шарир фидия мешавад, ва барои росткорон — хоин.
19
Зистан дар замини бодия беҳ аз зистан бо зани ситезакор ва хашмгин.
20
Махзани дилпазир ва равған дар маскани хирадманд аст, вале одами аблаҳ онҳоро исроф менамояд.
21
Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад, ҳаёт, адолат ва ҷалол меёбад.
22
Хирадманд ба шаҳри зӯроварон медарояд ва қалъаи умеди онҳоро ба хок яксон мекунад.
23
Касе ки даҳони худ ва забони худро нигоҳ дорад, ҷони худро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад.
24
Бадқасди ҳавобаланд, ки масхарабоз ном дорад, бо ғазаби бадқасдона амал мекунад.
25
Ҳарисии коҳил ӯро мекушад, чунки дастҳои ӯ кор кардан намехоҳад;
26
Ҳар рӯз ӯ пайваста ҳарисӣ мекунад, вале одил медиҳад ва дареғ намедорад.
27
Қурбонии шарирон зишт аст, алалхусус вақте ки онро бо нияти бад биёранд.
28
Шоҳиди козиб ба ҳалокат мерасад, вале сухани шахси бофаҳм ҳаргиз катъ намешавад.
29
Шахси шарир чеҳраи худро бешарм мегардонад, вале росткор роҳҳои худро месанҷад.
30
Ҳикмате нест, ва хираде нест, ва машварате нест бар хилофи Худованд.
31
Асп барои рӯзи ҷанг тайёр аст, вале зафар аз ҷониби Худованд аст.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31