bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Proverbs 28
Proverbs 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 29 →
1
Шарирон мегурезанд, дар сурате ки таъқибкунандае нест; вале одилон мисли шер далеранд.
2
Вақте ки мамлакат исьён кунад, сардоронаш бисьёр мешаванд, вале ба воситаи одами бохирад ва доно умри он дароз мегардад.
3
Бенавое ки ба мансаби олӣ расида, ба мискинон зулм кунад, мисли борони сел аст, ки ғалладонаро шуста мебарад.
4
Тарккунандагони шариат шариронро ситоиш менамоянд, вале риоякунандагони шариат ба онҳо мухолиф мебароянд.
5
Мардуми бадрафтор инсофро намефаҳманд, вале толибони Худованд онро ҳамеша мефаҳманд.
6
Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст, беҳ аз қаҷраве ки сарватдор бошад.
7
Нигоҳдорандаи шариат писари бофаҳм аст, вале ҷӯраи шикампарастон падари худро расво мекунад.
8
Касе ки сарвати худро бо суд ва рибо афзун намояд, онро барои хайрхоҳи мискинон ғун мекунад.
9
Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст.
10
Касе ки росткоронро гумроҳ карда, ба роҳи бад андозад, худаш дар чоҳи худ фурӯ меғалтад, вале беайбон мероси некӯ пайдо мекунанд.
11
Шахси сарватдор дар назари худ хирадманд аст, вале бенавои бофаҳм ӯро хуб мешиносад.
12
Вақте ки одилон шод шаванд, ифтихормандӣ бузург аст; вале вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум ноёб мешаванд.
13
Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.
14
Хушо касе ки ҳамеша аз гуноҳ метарсад! Вале касе ки дили худро сахт кунад, ба бало гирифтор мешавад.
15
Ҳокими шарир бар қавми бенаво мисли шери ғуррон ва хирси ташнаҷигар аст.
16
Сардори нофаҳм бисьёр ситам мекунад; душмани ришва умри худро дароз мекунад.
17
Одаме ки хуни касе ба гарданаш бошад, то ба гӯр мегурезад; зинҳор касе ӯро дастгирӣ накунад.
18
Рострав раҳо мешавад, вале каҷрав якбора фурӯ меғалтад.
19
Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мегардад, вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, аз бенавоӣ сер мегардад.
20
Шахси амин баракати бисьёр меёбад, вале касе ки аз паи сарват шитоб кунад, беҷазо намемонад.
21
Рӯйбинӣ кардан хуб нест; аз барои як бурда нон ҳам кас ҷиноят мекунад.
22
Бахил аз паи сарват мешитобад, ва намедонад, ки бенавоӣ ба сари ӯ меояд.
23
Шахсе ки одамеро мазаммат кунад, оқибат бештар писанд меояд, назар ба шахсе ки бо забонаш тамаллуқ намояд.
24
Касе ки падару модари худро тороҷ карда, мегӯяд, ки «ин гуноҳ нест», — шарики шахсони зараровар аст.
25
Тамаъкор низоъ меандозад, вале касе ки ба Худованд таваккал намояд, некрӯз мегардад.
26
Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст, вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд.
27
Касе ки ба мискин ёрдам диҳад, мӯҳточӣ нахоҳад кашид, вале касе ки чашмони худро пӯшонад, ба лаънати бисьёр дучор хоҳад шуд.
28
Вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум пинҳон мешаванд; вале вақте ки онҳо нест шаванд, одилон афзоиш меёбанд.
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 29 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31