bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 10
Numbers 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 11 →
1
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
2
«Барои худ ду карнаи нуқра бисоз, онҳоро яклухти мазруб бисоз, то ки ба ту барои даъват кардани ҷамоат ва барои қӯчонидани ӯрдуҳо хизмат кунанд.
3
Ва ҳангоме ки ҳар дуро бинавозанд, тамоми ҷамоат назди ту ба дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ хоҳанд шуд.
4
Ва агар якеро бинавозанд, раисон, сардорони сибтҳои Исроил назди ту ҷамъ хоҳанд шуд.
5
Ва ҳангоме ки бо садои дуру дароз бинавозед, ӯрдуҳое ки ба тарафи шарқ мебошанд, кӯч хоҳанд кард.
6
Ва ҳангоме ки дафъаи дуюм бо садои дуру дароз бинавозед, ӯрдуҳое ки ба тарафи ҷануб мебошанд, кӯч хоҳанд кард; бигзор барои кӯч карданашон бо садои дуру дароз бинавозанд.
7
Ва дар вақти ҷамъ кардани ҷамоат бинавозед, валекин на бо садои дуру дароз.
8
Ва банӣ‐Ҳорун бояд карнайҳоро бинавозанд; ин барои шумо фаризаи абадӣ дар наслҳотон хоҳад буд.
9
Ва ҳангоме ки дар замини худ бар зидди душмани ба танг оварандаи шумо ба ҷанг меравед, карнайҳоро бо садои дуру дароз бинавозед; ва дар ҳузури Худованд Худои худ ба ёд оварда хоҳед шуд, ва аз душманони худ наҷот хоҳед ёфт.
10
Ва дар рӯзи хурсандии худ, ва дар идҳо ва навмоҳҳои худ карнайҳоро бар қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои саломатии худ бинавозед, ва ин барои шумо ба ҳузури Худои шумо ёдгорӣ хоҳад буд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
11
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дуюм, дар моҳи дуюм, дар рӯзи бистуми моҳ, абр аз болои маскани шаҳодат баланд шуд.
12
Ва банӣ‐Исроил барои сафари худ аз биёбони Сино кӯч карданд; ва абр дар биёбони Форон таваққуф намуд.
13
Ва онҳо дафъаи аввал мувофиқи амри Худованд, ки ба воситаи Мусо фармуда шуда буд, кӯч карданд.
14
Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Яҳудо аввалин шуда бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.
15
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Иссокор — Натанъил ибни Суор.
16
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Забулун — Элиоб ибни Ҳалӯн.
17
Ва маскан фурӯд оварда шуд, ва банӣ‐Ҷершӯн ва банӣ‐Марорӣ, ки бардорандагони маскан буданд, кӯч карданд.
18
Ва байрақи ӯрдуи Реубен бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Элисур ибни Шадиур буд.
19
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Шимъӯн — Шалумиил ибни Суришаддой.
20
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Ҷод — Эльёсоф ибни Дауил.
21
Ва қаҳотиён, ки бардорандагони қудс буданд, кӯч карданд, ва масканро то омадани онҳо барпо карда буданд.
22
Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Эфроим бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Элишомоъ ибни Аммиҳуд буд.
23
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Менашше — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур.
24
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Биньёмин — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ.
25
Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Дон, ки соқаи ҳамаи ӯрдуҳо буд, бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.
26
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Ошер — Фаҷъиил ибни Окрон.
27
Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон.
28
Ҳамин буд тартиби сафари банӣ‐Исроил бо фавҷҳои онҳо; ва онҳо кӯч карданд.
29
Ва Мусо ба Ҳубоб ибни Рауили мидьёнӣ, ки додарарӯси Мусо буд, гуфт: «Мо ба маконе кӯч мекунем, ки Худованд дар бораи он гуфтааст: „Онро ба шумо хоҳам дод“. Пас, ту ҳамроҳи мо биё, ва мо ба ту некӣ хоҳем кард, зеро ки Худованд дар бораи Исроил суханони нек гуфтааст».
30
Вале вай ба ӯ гуфт: «Намеоям, балки ба замини худ ва ба зодгоҳи худ хоҳам рафт».
31
Ва ӯ гуфт: «Моро тарк накун, зеро чӣ гуна дар биёбон ӯрду задани моро ту медонӣ, ва ту барои мо мисли чашм хоҳӣ буд;
32
Ва агар ҳамроҳи мо биёӣ, ҳар некие ки Худованд ба мо бикунад, он некиро мо ба ту хоҳем кард».
33
Ва онҳо аз кӯҳи Худованд роҳи серӯзаро тай карданд, ва сандуқи аҳди Худованд пешопеши онҳо равона шуда, роҳи серӯзаро тай намуд, то ки урдугоҳе барои онҳо пайдо кунад.
34
Ва абри Худованд бар онҳо рӯзона соя меафканд, вақте ки аз ӯрдугоҳ кӯч мекарданд.
35
Ва ҳангоме ки кӯч кардани сандуқ лозим мешуд, Мусо мегуфт: «Эй Худованд, бархез, то ки душманонат пароканда шаванд, ва бадхоҳонат аз пешат бигрезанд!»
36
Ва ҳангоми таваққуф кардани он мегуфт: «Эй Худованд, ба ҳазорон‐ҳазор исроилиён осоиш бидеҳ!»
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36