bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 33
Numbers 33
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 34 →
1
Ин аст сафарҳои банӣ‐Исроил, ки аз Миср бар ҳасби фавҷҳои худ, бо сардории Мусо ва Ҳорун берун омаданд.
2
Ва Мусо ҷойҳои баромади онҳоро барои сафарҳошон, ки ба фармони Худованд ба амал оварданд, навишт; ва ин аст сафарҳои онҳо бар ҳасби ҷойҳои баромадашон:
3
Ва онҳо аз Раамсис дар моҳи якум, дар рӯзи понздаҳуми моҳи якум кӯч карданд; фардои фисҳ банӣ‐Исроил бо дасти баланд, пеши назари ҳамаи мисриён берун омаданд.
4
Ва мисриён ҳамаи нахустзодагонро, ки Худованд дар миёни онҳо кушта буд, гӯр мекарданд; ва бар худоёни онҳо Худованд доварӣ намуд.
5
Ва банӣ‐Исроил аз Раамсис кӯч карда, дар Суккӯт ӯрду заданд.
6
Ва аз Суккӯт кӯч карда, дар Этом, ки дар канори биёбон аст, ӯрду заданд.
7
Ва аз Этом кӯч карда, ба Фӣ‐Ҳаҳирӯт, ки пеши Баал‐Сафӯн аст, баргаштанд, ва пеши Миҷдӯл ӯрду заданд.
8
Ва аз Фӣ‐Ҳаҳирӯт кӯч карда, аз даруни баҳр ба биёбон убур карданд; ва дар биёбони Этом се рӯз роҳ паймуда, дар Мора ӯрду заданд.
9
Ва аз Мора кӯч карда, ба Элим расиданд; ва дар Элим дувоздаҳ чашмаи об ва ҳафтод дарахти хурмо буд, ва дар он ҷо ӯрду заданд.
10
Ва аз Элим кӯч карда, назди баҳри Қулзум ӯрду заданд.
11
Ва аз баҳри Қулзум кӯч карда, дар биёбони Син ӯрду заданд.
12
Ва аз биёбони Син кӯч карда, дар Дофқо ӯрду заданд.
13
Ва аз Дофқо кӯч карда, дар Олуш ӯрду заданд.
14
Ва аз Олуш кӯч карда, дар Рафидим ӯрду заданд; ва дар он ҷо об набуд, ки қавм бинӯшанд.
15
Ва аз Рафидим кӯч карда, дар биёбони Сино ӯрду заданд.
16
Ва аз биёбони Сино кӯч карда, дар Қибрӯт‐Ҳатааво ӯрду заданд.
17
Ва аз Қибрӯт‐Ҳатааво кӯч карда, дар Ҳасирӯт ӯрду заданд.
18
Ва аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар Ритмо ӯрду заданд.
19
Ва аз Ритмо кӯч карда, дар Риммӯн‐Форас ӯрду заданд.
20
Ва аз Риммӯн‐Форас кӯч карда, дар Либно ӯрду заданд.
21
Ва аз Либно кӯч карда, дар Риссо ӯрду заданд.
22
Ва аз Риссо кӯч карда, дар Қаҳелото ӯрду заданд.
23
Ва аз Қаҳелото кӯч карда, дар Ҳар‐Шофар ӯрду заданд.
24
Ва аз Ҳар‐Шофар кӯч карда, дар Ҳародо ӯрду заданд.
25
Ва аз Ҳародо кӯч карда, дар Мақҳелӯт ӯрду заданд.
26
Ва аз Мақҳелӯт кӯч карда, дар Тоҳат ӯрду заданд.
27
Ва аз Тоҳат кӯч карда, дар Тораҳ ӯрду заданд.
28
Ва аз Тораҳ кӯч карда, дар Митқо ӯрду заданд.
29
Ва аз Митқо кӯч карда, дар Ҳашмӯно ӯрду заданд.
30
Ва аз Ҳашмӯно кӯч карда, дар Мӯсирӯт ӯрду заданд.
31
Ва аз Мӯсирӯт кӯч карда, дар Банӣ‐Яъқон ӯрду заданд.
32
Ва аз Банӣ‐Яъқон кӯч карда, дар Ҳӯр‐Ҳаҷидҷод ӯрду заданд.
33
Ва аз Ҳӯр‐Ҳаҷидҷод кӯч карда, дар Ётвото ӯрду заданд.
34
Ва аз Ётвото кӯч карда, дар Абрӯно ӯрду заданд.
35
Ва аз Абрӯно кӯч карда, дар Эсьйӯн‐Ҷобар ӯрду заданд.
36
Ва аз Эсьйӯн‐Ҷобар кӯч карда, дар биёбони Син, ки Қодеш бошад, ӯрду заданд.
37
Ва аз Қодеш кӯч карда, дар кӯҳи Ҳӯр, ки дар канори замини Адӯм аст, ӯрду заданд.
38
Ва Ҳоруни коҳин бар тибқи фармони Худованд бар кӯҳи Ҳӯр баромада, дар соли чилуми берун омадани банӣ‐Исроил аз замини Миср, дар моҳи панҷум, дар рӯзи якуми моҳ дар он ҷо вафот ёфт.
39
Ва Ҳорун саду бисту сесола буд, ки дар кӯҳи Ҳӯр мурд.
40
Ва Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануби замини Канъон сокин буд, аз омадани банӣ‐Исроил хабар ёфт.
41
Ва аз кӯҳи Ҳӯр кӯч карда, дар Салмӯна ӯрду заданд.
42
Ва аз Салмӯна кӯч карда, дар Фунӯн ӯрду заданд.
43
Ва аз Фунӯн кӯч карда, дар Ӯбӯт ӯрду заданд.
44
Ва аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе‐Аборим, дар ҳудуди Мӯоб ӯрду заданд.
45
Ва аз Ийим кӯч карда, дар Дибӯн‐Ҷод ӯрду заданд.
46
Ва аз Дибӯн‐Ҷод кӯч карда, дар Алмӯн‐Диблотоймо ӯрду заданд.
47
Ва аз Алмӯн‐Диблотоймо кӯч карда, дар кӯҳҳои Аборим, пеши Набӯ ӯрду заданд.
48
Ва аз кӯҳҳои Аборим кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ӯрду заданд.
49
Ва назди Урдун, аз Байт‐Ешимӯт то Обил‐Шиттим, дар даштҳои Мӯоб ӯрду заданд.
50
Ва Худованд ба Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ сухан ронда, гуфт:
51
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо аз Урдун ба замини Канъон убур намоед,
52
Ҳамаи сокинони он заминро аз пеши худ бадар биронед, ва ҳамаи ҳайкалҳои нақшини онҳоро нест кунед, ва ҳамаи бутҳои рехтаи онҳоро бишканед, ва ҳамаи баландиҳои онҳоро хароб кунед.
53
Ва заминро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шавед, зеро ки Ман ин заминро ба шумо додам, то ки онро тасарруф намоед.
54
Ва заминро ба воситаи қуръа ба қабилаҳои худ ҳамчун мулк тақсим кунед: ба онҳое ки сершуморанд, мулкашонро бештар бидиҳед, ба онҳое ки камшуморанд, мулкашонро камтар бидиҳед; маконе ки мувофиқи қуръа ба касе барояд, аз они вай хоҳад буд; амлокро бар ҳасби сибтҳои падарони худ бигиред.
55
Валекин агар шумо сокинони заминро аз пеши худ бадар наронед, касоне ки шумо аз миёни онҳо боқӣ мегузоред, мисли милҳо дар чашмони шумо ва мисли хорҳо дар биқинҳои шумо хоҳанд буд, ва шуморо бар замине ки дар он сокин шудаед, ба танг хоҳанд овард.
56
Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки он чи Ман ният доштам бо онҳо бикунам, бо шумо хоҳам кард».
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 34 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36