bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 36
Numbers 36
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
1
Ва сардорони хонаводаҳои қабилаи банӣ‐Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше, ки аз қабилаҳои банӣ‐Юсуф буданд, наздик омада, ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури раисон, сардорони хонаводаҳои банӣ‐Исроил сухан ронданд,
2
Ва гуфтанд: «Худованд ба оғон мо амр фармудааст, ки заминро бо қуръа тақсим карда, ба тасарруфи банӣ‐Исроил бидиҳад; ва ба оғон мо аз ҷониби Худованд амр фармуда шудааст, ки мулки бародарамон Салофҳодро ба духтарони вай бидиҳад.
3
Ва агар онҳо ба яке аз писарони сибтҳои дигари банӣ‐Исроил завҷа шаванд, мулки онҳо аз мулки падарони мо бурида гирифта мешавад, ва ба мулки сибте ки онҳо ба он дохил хоҳанд шуд, илова мегардад, ва мулки мо, ки аз рӯи қуръа гирифтаем, кам мемонад.
4
Ва ҳатто вақте ки юбили банӣ‐Исроил фаро расад, мулки онҳо ба мулки сибте ки онҳо ба он дохил хоҳанд шуд, илова мегардад; ва аз мулки сибти падарони мо мулки онҳо бурида гирифта мешавад».
5
Ва Мусо бар тибқи каломи Худованд ба банӣ‐Исроил амр фармуда, гуфт: «Сибти банӣ‐Юсуф дуруст мегӯянд.
6
Ин аст он чи Худованд дар ҳаққи духтарони Салофҳод амр фармуда гуфтааст: „Онҳо метавонанд ба ҳар марде ки ба назарашон писанд ояд, завҷа шаванд, аммо фақат дар қабилаи сибти падари худ бояд завҷа шаванд,
7
То ки мулки банӣ‐Исроил аз сибте ба сибте нагузарад; зеро ки ҳар яке аз банӣ‐Исроил бояд бо мулки сибти падарони худ вобаста бошанд.
8
Ва ҳар духтаре ки мулкеро аз сибтҳои банӣ‐Исроил мерос мегирад, бояд ба яке аз қабилаи сибти падарони худ завҷа шавад, то ки ҳар яке аз банӣ‐Исроил мулки падарони худро мерос гиранд,
9
Ва мулк аз як сибт ба сибти дигар нагузарад, балки ҳар яке аз сибтҳои банӣ‐Исроил ба мулки худ вобаста бошанд“».
10
Пас, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуд, духтарони Салофҳод ончунон амал карданд.
11
Ва духтарони Салофҳод — Маҳло, Тирсо, Ҳоҷло, Милко ва Нӯо ба писарони амакҳои худ завҷа шуданд.
12
Дар қабилаҳои банӣ‐Менашше ибни Юсуф онҳо завҷа шуданд; ва мулки онҳо дар сибти қабилаи падарашон боқӣ монд.
13
Ин аст аҳком ва дастуроте ки Худованд ба воситаи Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ба банӣ‐Исроил амр фармудааст.
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36