bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 30
Numbers 30
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 31 →
1
Ва Мусо бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба банӣ‐Исроил сухан ронд.
2
Ва Мусо ба сардорони сибтҳои банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст:
3
Агар касе барои Худованд назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд, пас набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд.
4
Ва агар зане дар хонаи падараш, дар айёми ҷавонияш, барои Худованд назр карда, нафси худро аз чизе манъ намояд,
5
Ва падараш назри варо бишнавад, ки вай нафси худро аз чизе манъ намудааст, ва падараш дар ин бобат хомӯш монад, пас ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
6
Вале агар падараш дар рӯзе ки шунид, ба вай эътироз намояд, ҳар назри вай ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, ба амал нахоҳад омад, ва Худованд варо хоҳад омурзид, зеро ки падараш ба вай монеъ шудааст.
7
Ва агар вай шавҳар кунад ва назрҳояш ё қавли даҳонаш, ки манъе ба воситаи он бар нафси худ гузоштааст, бар гарданаш бошад,
8
Ва шавҳараш бишнавад, ва дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монад, пас назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва манъҳое ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
9
Вале агар шавҳараш, дар рӯзе ки шунид, ба вай эътироз намояд, ва вай назреро, ки бар гардани вай аст, ва қавли даҳонашро, ки манъе ба воситаи он бар нафси худ гузоштааст, ботил кунад, — Худованд варо хоҳад омурзид.
10
Валекин назри бева ва зани талоқгирифта, яъне ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд аз ҷониби вай ба амал оварда шавад.
11
Ва агар зане дар хонаи шавҳараш назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд,
12
Ва шавҳараш бишнавад, ва дар ин бобат хомӯш монда, ба вай эътироз нанамояд, — ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
13
Ва агар шавҳари вай, дар рӯзе ки шунид, онҳоро ботил кунад, — ҳар қавле ки дар бораи назрҳояш ва манъи нафсаш аз даҳони вай баромадааст, қоим нахоҳад буд; шавҳараш онҳоро ботил намудааст, ва Худованд варо хоҳад омурзид.
14
Ҳар назре ва ҳар манъе ки барои азият додани нафси вай бошад, — шавҳараш метавонад онро коим гардонад, ва шавҳараш метавонад онро ботил кунад.
15
Ва агар шавҳараш дар ин бобат аз имрӯз то фардо хомӯш монад, — ӯ бо ҳамин ҳамаи назрҳои варо, ё ҳамаи манъҳоеро, ки бар гардани вай аст, қоим гардонидааст; азбаски ӯ, дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монд, бо ҳамин онҳоро қоим гардонид.
16
Ва агар ӯ, баъд аз шуниданаш, онҳоро ботил кунад, гуноҳи варо ӯ ба гардани худ мегирад».
17
Ин аст фароизе ки Худованд ба Мусо амр фармуд оид ба муносибатҳои байни шавҳар ва зани ӯ, байни падар ва духтари ӯ дар айёми ҷавонии вай, вақте ки дар хонаи падараш мебошад.
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 31 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36