bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 3
Numbers 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 4 →
1
Ва ин аст насабномаи Ҳорун ва Мусо, дар рӯзе ки Худованд дар кӯҳи Сино ба Мусо сухан ронд.
2
Ва ин аст номҳои писарони Ҳорун: нахустзодааш Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор.
3
Ин аст номҳои писарони Ҳорун, коҳиноне ки тадҳин карда шуда буданд, ки ӯ онҳоро барои каҳонат баргумошт.
4
Вале Нодоб ва Абиху ба ҳузури Худованд мурданд, вақте ки оташи ғайрро дар биёбони Сино ба ҳузури Худованд оварданд, ва онҳо фарзанд надоштанд; ва Элъозор ва Итомор дар ҳузури падарашон Ҳорун каҳонат мекарданд.
5
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
6
«Сибти Левиро наздик оварда, онҳоро ба ҳузури Ҳоруни коҳин таъин намо, то ки ба ӯ хизмат кунанд.
7
Ва бигзор онҳо хизмати ӯ ва хизмати тамоми ҷамоатро пеши хаймаи ҷомеъ иҷро намуда, корҳои масканро ба ҷо оваранд;
8
Ва тамоми колои хаймаи ҷомеъро нигаҳбонӣ намуда ва хизмати банӣ‐Исроилро иҷро карда, корҳои масканро ба ҷо оваранд.
9
Ва левизодагонро ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ: онҳо аз ҷониби банӣ‐Исроил ба таври қатъӣ ба ӯ дода шудаанд.
10
Вале Ҳорун ва писаронашро баргумор, то ки каҳонати худро риоят кунанд; ва бегонае агар наздик ояд, кушта хоҳад шуд».
11
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
12
«Ва инак, Ман левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил дар ивази ҳамаи нахустзодагони раҳимкушо гирифтаам, ва левизодагон аз они Мананд;
13
Зеро ки ҳар нахустзода аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро зарба задам, ҳамаи нахустзодагони Исроилро, аз одамон то чорпоён, барои Худ тақдис намудам, ва онҳо аз они Мананд. Ман Худованд ҳастам».
14
Ва Худованд дар биёбони Сино ба Мусо сухан ронда, гуфт:
15
«Банӣ‐Левиро бар ҳасби хонадон ва қабилаҳошон дар шумор овар; ҳар мардинаро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар».
16
Ва Мусо онҳоро аз рӯи гуфтаи Худованд, чунон ки амр фармуда шуд, дар шумор овард.
17
Ва инҳоянд писарони Левӣ бар ҳасби номҳошон: Ҷершӯн ва Қаҳот ва Марорӣ.
18
Ва ин аст номҳои банӣ‐Ҷершӯн бар ҳасби қабилаҳошон: Либнӣ ва Шимъӣ.
19
Ва банӣ‐Каҳот бар ҳасби қабилаҳошон: Амром ва Йисҳор, Ҳебрӯн ва Узиил.
20
Ва банӣ‐Марорӣ бар ҳасби қабилаҳошон: Маҳлӣ ва Мушӣ. Ҳаминҳоянд хонаводаҳои Левӣ бар ҳасби авлодашон.
21
Аз Ҷершӯн қабилаи Либнӣ ва қабилаи Шимъӣ; ҳаминҳоянд қабилаҳои ҷершӯниён.
22
Дар шумор овардашудагони онҳо мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар: дар шумор овардашудагони онҳо ҳафт ҳазору панҷсад нафаранд.
23
Қабилаҳои ҷершӯниён бояд дар ақиби маскан ба тарафи ғарбӣ хайма зананд.
24
Ва раиси хонадони ҷершӯниён Эльёсоф ибни Лоил аст.
25
Ва ба нигаҳбонии банӣ‐Ҷершӯн дар хаймаи ҷомеъ инҳо супурда мешавад: маскан ва хайма, болопӯши он ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,
26
Ва пардаҳои саҳн, ва пардаи даромадгоҳи саҳне ки гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ аст, ва танобҳое ки он барои ҳар хизматаш дорад.
27
Ва аз Қаҳот қабилаи Амром ва қабилаи Йисҳор ва қабилаи Ҳебрӯн ва қабилаи Узиил; ҳаминҳоянд қабилаҳои қаҳотиён.
28
Мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар, ҳашт ҳазору шашсад нафаранд, ки нигаҳбонии колои қудсро бояд иҷро кунанд.
29
Қабилаҳои банӣ‐Қаҳот бояд ба тарафи ҷанубии маскан хайма зананд.
30
Ва раиси хонадони кабилаҳои қаҳотиён Элисофон ибни Узиил аст.
31
Ва нигаҳбонии онҳо бар ин чизҳост: сандуқ ва миз ва чароғдон ва қурбонгоҳҳо ва колои муқаддасе ки хизматро ба воситаи он ба ҷо меоваранд, ва парда ва ҳар он чи ба он тааллуқ дорад.
32
Ва раиси раисони левизодагон Элъозор ибни Ҳоруни коҳин аст; иҷрокунандагони нигаҳбонии колои қудс таҳти назорати ӯ хоҳанд буд.
33
Аз Марорӣ қабилаи Маҳлӣ ва қабилаи Мушӣ; ҳаминҳоянд қабилаҳои марориён.
34
Ва дар шумор овардашудагони онҳо, мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар, шаш ҳазору дусад нафаранд.
35
Ва раиси хонадони қабилаҳои марориён Суриил ибни Абиҳоил аст; онҳо бояд ба тарафи шимолии маскан хайма зананд.
36
Ва вазифаи нигаҳбонии банӣ‐Марорӣ бар ин чизҳост: тахтаҳои маскан ва ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш ва тамоми колояш ва тамоми хизматаш.
37
Ва сутунҳои гирдогирди саҳн ва пояҳошон ва мехҳошон ва танобҳошон.
38
Ва пеши маскан аз ҷониби офтоббаро, яъне пеши хаймаи ҷомеъ аз тарафи шарқ, бояд Мусо ва Ҳорун ва писаронаш хайма зананд, ки онҳо вазифаи нигаҳбонии қудс ва нигаҳбонии банӣ‐Исроилро иҷро мекунанд; ва шахси бегонае ки ба он наздик ояд, кушта хоҳад шуд.
39
Ҳамаи дар шумор овардашудагони левизодагон, ки Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд бар ҳасби қабилаҳои онҳо дар шумор оварданд, тамоми мардинаи онҳо аз якмоҳа ва болотар бисту ду ҳазор нафар буданд.
40
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳамаи нахустзодагони мардинаи банӣ‐Исроилро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар, ва адади номҳошонро муқаррар намо.
41
Ва левизодагонро барои Ман, ки Худованд ҳастам, дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони чорпоёни банӣ‐Исроил».
42
Ва Мусо, чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроилро дар шумор овард;
43
Ва ҳамаи нахустзодагони мардина, мувофиқи адади номҳо, аз якмоҳа ва болотар, ки дар шумор оварда шуданд, бисту ду ҳазору дусаду ҳафтоду се нафар буданд.
44
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
45
«Левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази чорпоёни онҳо; ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд. Ман Худованд ҳастам.
46
Ва дар хусуси фидияи дусаду ҳафтоду се нафар нахустзодагони банӣ‐Исроил, ки назар ба левизодагон барзиёданд, —
47
Панҷ сиқлӣ барои ҳар саре бигир, онро бо сиқли муқаддас, ки ҳар сиқл бист ҷеро бошад, бигир.
48
Ва ин нуқраро, ки фидияи адади барзиёди онҳост, ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ».
49
Ва Мусо нуқраи фидияро барои онҳое ки аз адади ивазкардаи левизодагон барзиёд буданд, гирифт.
50
Аз нахустзодагони банӣ‐Исроил нуқраро гирифт: ҳазору сесаду шасту панҷ сиқл бо сиқли муқаддас.
51
Ва Мусо нуқраи фидияро мувофиқи гуфтаи Худованд, ҷунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба Ҳорун ва писаронаш дод.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
Recommended Reading
Commentary
Numbers Commentaries
→
Devotional
Numbers Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik (Китоби Муқаддас , ) Study Bible
→