bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 13
Numbers 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 14 →
1
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
2
«Одамонро аз ҷониби худ бифирист, то ки замини Канъонро, ки Ман ба банӣ‐Исроил медиҳам, ҷосусӣ кунанд; якнафарӣ аз ҳар сибти падарони онҳо, ки ҳар яке дар миёни онҳо сарвар бошад, бифиристед».
3
Ва Мусо, мувофиқи амри Худованд, онҳоро аз биёбони Форон фиристод, ки ҳамаи он мардон сардорони банӣ‐Исроил буданд.
4
Ва ин аст номҳои онҳо: аз сибти Реубен — Шамуа ибни Заккур;
5
Аз сибти Шимъӯн — Шофот ибни Ҳӯрӣ;
6
Аз сибти Яхудо — Колеб ибни Ефунне;
7
Аз сибти Иссокор — Йиҷъол ибни Юсуф;
8
Аз сибти Эфроим — Ҳушаъ ибни Нун;
9
Аз сибти Биньёмин — Фалтӣ ибни Рафу;
10
Аз сибти Забулун — Ҷаддиил ибни Сӯдӣ;
11
Аз сибти Юсуф: аз сибти Менашше — Ҷаддӣ ибни Сусӣ;
12
Аз сибти Дон — Аммиил ибни Ҷамалӣ;
13
Аз сибти Ошер — Сатур ибни Микоил;
14
Аз сибти Нафтолӣ — Наҳбӣ ибни Вофсӣ;
15
Аз сибти Ҷод — Ҷауил ибни Мокӣ.
16
Ин аст номҳои одамоне ки Мусо фиристод, то ки заминро ҷосусӣ кунанд; ва Мусо Ҳушаъ ибни Нунро Еҳушаъ ном монд.
17
Ва Мусо онҳоро фиристод, то ки замини Канъонро ҷосусӣ кунанд, ва ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо ба Наҷаб равона шуда, бар кӯҳистон бароед;
18
Ва заминро бубинед, ки он чӣ гуна аст, ва қавме ки дар он сокинанд, оё пурзӯранд ё камқувват? Оё камшуморанд ё сершумор?
19
Ва замине ки онҳо дар он сокинанд, чӣ гуна аст: оё хуб аст ё бад? Ва шаҳрҳое ки дар онҳо сокинанд, чӣ гуна аст: оё дар хаймаҳои ӯрдугоҳҳо сокинанд ё дар қалъаҳо?
20
Ва замин чӣ гуна аст: оё ҳосилхез аст ё бесамар? Дарахте дорад ё не? Пас, далер бошед, ва аз меваи замин бигиред». Ва он айём мавсими ангурпазӣ буд.
21
Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.
22
Ва ба Наҷаб баромада, то Ҳебрӯн расиданд, ки Аҳимон, Шешай ва Талмай, фарзандони Аноқ, он чо буданд; ва Ҳебрӯн ҳафт сол пеш аз Сӯани Миср бино ёфта буд.
23
Ва ба водии Эшкӯл омаданд, ва аз он ҷо шохаи токро бо як хӯша ангур бурида, бо чӯбдасте дукаса бардоштанд; аз меваи анор ва анҷир низ гирифтанд.
24
Он макон, ба сабаби хӯшаи ангуре ки банӣ‐Исроил аз он ҷо бурида буданд, водии Эшкӯл номида шуд.
25
Ва онҳо, пас аз он ки заминро чил рӯз ҷосусӣ карданд, баргаштанд.
26
Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи заминро ба онҳо нишон доданд.
27
Ва ба ӯ ҳикоят карда, гуфтанд: «Ба замине ки моро фиристодӣ, рафтем, ва дар он ҳақиқатан шир ва асал ҷорист, ва ин аст меваи он.
28
Аммо қавме ки сокини он заминанд, пурзӯранд, ва шаҳрҳояш ҳисордори азим аст, ва фарзандони Аноқро низ дар он ҷо дидем.
29
Амолеқиён дар замини Наҷаб сукунат доранд, ва ҳиттиён ва ябусиён ва амӯриён дар кӯҳистон сокинанд, ва канъониён назди баҳр ва дар соҳили Урдун сукунат доранд».
30
Ва Колеб қавмро пеши Мусо таскин дода, гуфт: «Ба яқин мо баромада, онро ба тасарруфи худ хоҳем даровард, зеро ки метавонем бар он ғолиб оем».
31
Вале одамоне ки бо вай рафта буданд, гуфтанд: «Ба он қавм наметавонем муқобил бароем, зеро ки онҳо аз мо пурзӯртаранд».
32
Ва дар бораи замине ки онро ҷосусӣ карда буданд, дар миёни банӣ‐Исроил овозаи бад паҳн намуда, гуфтанд: «Замине ки онро бо мақсади ҷосусӣ карданаш тай намудем, заминест, ки сокинони худро мехӯрад, ва тамоми қавме ки андаруни он дидем, одамони бузургҷуссанд.
33
Ва дар он ҷо баҳодурони банӣ‐Аноқро дидем, ки аз насли баҳодуронанд; ва мо ба назари худамон мисли малах намудем, ва дар назари онҳо низ чунин будем».
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36