bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 19
Numbers 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 20 →
1
Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
2
«Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд амр фармуда, мегӯяд: ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки модагови сурхи комиле ки айбе надошта бошад, ва юғ бар гарданаш гузошта нашуда бошад, назди ту биёранд.
3
Ва онро ба Элъозори коҳин бидиҳед, ва ӯ онро аз ӯрдугоҳ берун меоварад, ва онро ба ҳузури ӯ мекушанд.
4
Ва бигзор Элъозори коҳин бо ангушти худ аз хуни он гирифта, ба тарафи пеши хаймаи ҷомеъ ҳафт карат он хунро бипошад.
5
Ва модаговро пеши назари ӯ месӯзонанд: бигзор пӯсти он ва гӯшти он ва хуни он бо якҷоягии саргини он сӯзонида шавад.
6
Ва бигзор коҳин чӯби арз ва зуфо ва риштаи қирмиз гирифта, бар оташи модагов партояд;
7
Ва коҳин либосашро бишӯяд ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ биёяд, ва коҳин то шом наҷис хоҳад буд.
8
Ва касе ки онро сӯзонидааст, бигзор либосашро бо об бишӯяд, ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
9
Ва бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ карда, берун аз ӯрдугоҳ дар макони поке бимонад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ‐Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта хоҳад шуд: ин пок кардан аст аз гуноҳ.
10
Ва касе ки хокистари модаговро ҷамъ кардааст, бигзор либосашро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд. Ва бигзор ин барои банӣ‐Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онхо сукунат дорад, фаризаи доимӣ бошад.
11
Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
12
Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок хоҳад буд; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок нахоҳад буд.
13
Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.
14
Ин аст шариат: агар касе дар хайма бимирад, ҳар кӣ ба он хайма дарояд, ва ҳар чи дар он хайма бошад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
15
Ва ҳар зарфи кушода, ки сарпӯшаш бар он маҳкам карда нашуда бошад, наҷис хоҳад буд.
16
Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушташуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
17
Ва бигзор барои шахси наҷис аз хокистари он қурбонии аз баҳри гуноҳ сӯзонидашуда бигиранд, ва оби равон бар он дар зарфе бирезанд;
18
Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;
19
Ва шахси пок бар шахси наҷис дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бипошад, ва дар рӯзи ҳафтум ӯро пок гардонад, ва он гоҳ ӯ либосашро мешӯяд, ва дар об ғусл мекунад, ва шомгоҳ пок хоҳад буд.
20
Вале агар касе наҷис шуда, худро пок нагардонад, он кас аз миёни ҷамоат маҳв хоҳад шуд, зеро ки вай қудси Худовандро палид кардааст: оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, вай наҷис аст.
21
Ва бигзор ин барои онҳо фаризаи доимӣ бошад; ва касе ки оби поккунанда пошидааст, бигзор либосашро бишӯяд; ва касе ки ба оби поккунанда расидааст, то шом наҷис хоҳад буд.
22
Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36