bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 12
Numbers 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 13 →
1
Ва Марьям ва Ҳорун Мусоро дар бораи зани ҳабашие ки гирифта буд, мазаммат карданд, зеро ки ӯ зани ҳабашӣ гирифта буд;
2
Ва гуфтанд: «Оё Худованд фақат бо Мусо сухан рондааст? Ӯ, охир, бо мо низ сухан рондааст». Ва Худованд инро шунид.
3
Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.
4
Ва Худованд ногаҳон ба Мусо ва Ҳорун ва Марьям гуфт: «Ҳар сеятон сӯи хаймаи ҷомеъ берун оед». Ва ҳар сеяшон берун омаданд.
5
Ва Худованд дар сутуни абр фурӯд омада, назди дари хайма истод, ва Ҳорун ва Марьямро хонд. Ва ҳар дуяшон берун омаданд.
6
Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.
7
Аммо бандаи Ман Мусо чунин нест; ӯ дар тамоми хонаи Ман амин аст.
8
Ман бо ӯ рӯ ба рӯ ва ошкоро, ва на бо рамз, сухан меронам, ва ӯ симои Худовандро мебинад; пас, чаро шумо натарсида, бандаи Ман Мусоро мазаммат кардед?»
9
Ва хашми Худованд бар онҳо аланга зад, ва Ӯ рафт.
10
Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.
11
Ва Ҳорун ба Мусо гуфт: «Лутфан, эй оғоям, бори ин гуноҳро, ки аҳмақона рафтор карда, гуноҳкор шудаем, ба гардани мо намон;
12
Бигзор вай мисли мурдае нагардад, ки чун аз раҳими модараш берун ояд, нисфи баданаш пӯсида бошад».
13
Ва Мусо сӯи Худованд фарьёд кашида, гуфт: «Лутфан, эй Худо, ба вай шифо бибахш!»
14
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Агар падараш ба рӯи вай туф мекард, оё вай ҳафт рӯз наҷис намешуд? Пас, бигзор вай ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шавад, ва баъд аз он баргардад».
15
Ва Марьям ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шуд; ва қавм то вақти баргаштани Марьям кӯч накарданд.
16
Ва баъд аз он, қавм аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар биёбони Форон ӯрду заданд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36