bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 23
Numbers 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 24 →
1
Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо барои ман ҳафт қурбонгоҳ бино намо, ва ҳафт наргову ҳафт қӯчқор барои ман дар ин ҷо тайёр кун».
2
Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, ба амал овард, ва Болоқу Билъом бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим карданд.
3
Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.
4
Ва Худо ба Билъом дучор омад, ва вай ба Ӯ гуфт: «Ҳафт қурбонгоҳ ороста кардам ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намудам».
5
Ва Худованд сухане ба даҳони Билъом гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард, ва чунин бигӯ».
6
Ва ӯ назди вай баргашт, ва инак, вай бо ҳамаи сарварони Мӯоб назди қурбонии сӯхтании худ истода буд.
7
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард: „Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо, ва биё, Исроилро нафрин фармо!“
8
Чӣ гуна лаънат намоям, дар сурате ки Худо лаънат нанамудааст? Ва чӣ гуна нафрин фармоям, дар сурате ки Худованд нафрин нафармудааст?
9
Зеро ки аз сари сахраҳо варо мебинам, ва аз болои талҳо варо мушоҳида менамоям: инак, қавмест, ки ба танҳоӣ маскан мегирад, ва дар миёни халқҳо худро ҳисоб намекунад.
10
Кист, ки ғубори Яъқубро тавонад бишуморад, ва хоки Исроилро ба ҳисоб оварад? Бигзор ҷони ман бо фавти одилон бимирад, ва фарҷоми ман мисли фарҷоми онҳо бошад!»
11
Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Ба ман чӣ кардӣ? Туро овардам, то ки душманонамро лаънат намоӣ, вале ту инак, баракат медиҳӣ!»
12
Ва ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, он чиро, ки Худованд ба даҳонам мегузорад, бояд айнан бигӯям».
13
Ва Болоқ ба ӯ гуфт: «Лутфан, бо ман ба макони дигаре биё, ки аз он ҷо онҳоро хоҳӣ дид, фақат як қисми онҳоро хоҳӣ дид, вале ҳамаи онҳоро нахоҳӣ дид, ва аз он ҷо онҳоро барои ман лаънат намо».
14
Ва ӯро ба майдони Сӯфим, бар қуллаи Фисҷа бурд; ва ҳафт қурбонгоҳ бино кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.
15
Ва ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо назди қурбонии сӯхтании худ биист, вале ман дар он ҷо мулоқот хоҳам кард».
16
Ва Худованд бо Билъом мулоқот намуд ва сухане ба даҳони ӯ гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард ва чунин бигӯ».
17
Ва ӯ назди вай омад, ва инак, вай назди қурбонии сӯхтании худ бо сарварони Мӯоб истода буд, ва Болоқ аз ӯ пурсид: «Худованд чӣ гуфт?»
18
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Бархез, эй Болоқ, ва бишнав, ба ман гӯш деҳ, эй писари Сипӯр!
19
Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад: оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад? Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?
20
Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам. ва Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям.
21
Ӯ хабосате дар Яъқуб надидааст, ва ноинсофие дар Исроил мушоҳида накардааст. Худованд Худои онҳо бо онҳост, ва нидоҳои шодӣ дар шаъни подшоҳашон дар миёни онҳост.
22
Худо онҳоро аз Миср берун овард, — Ӯ мисли шохҳои бузи ваҳшӣ пурқувват аст.
23
Ба яқин, Яъқубро ба ҷодуе ҳоҷат нест, ва Исроилро ба афсуне ҳоҷат нест; ҳар вақт ба Яъқуб ва ба Исроил гуфта хоҳад шуд, ки Худо чӣ корҳо мекунад.
24
Инак, ин қавм мисли шери мода хоҳанд бархост ва мисли шери нар баланд хоҳанд ҷаст, ва то нахҷирро нахӯранд ва хуни мақтулонро нанӯшанд, нахоҳанд хобид».
25
Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Модоме ки наметавонӣ онҳоро лаънат намоӣ, лаънат нанамо, аммо онҳоро баракат ҳам надеҳ».
26
Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба ту сухан ронда гуфта будам, ки ҳар он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро ба амал хоҳам овард».
27
Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Лутфан, биё, то ки туро ба макони дигаре бибарам; шояд, он ба назари Худо писанд ояд, ва ту аз он ҷо онҳоро барои ман лаънат намоӣ».
28
Ва Болоқ Билъомро ба қуллаи Фаӯр, ки бар рӯи биёбон қад кашидааст, бурд.
29
Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Барои ман дар ин ҷо ҳафт қурбонгоҳ бисоз, ва барои ман дар ин ҷо ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор муҳайё намо».
30
Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, амал кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36