bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 21
Numbers 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 22 →
1
Ва Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануб сокин буд, шунид, ки Исроил бо роҳи Аторим меояд, ва ӯ бо исроилиён ҷанг кард, ва баъзеро аз онҳо ба асирӣ бурд.
2
Ва Исроил барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар ин қавмро ба дасти ман бисупорӣ, шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор хоҳам кард».
3
Ва Худованд овози Исроилро иҷобат намуда, канъониёнро ба дасти вай супурд, ва вай онҳо ва шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор кард, ва он макон Ҳормо номида шуд.
4
Ва аз кӯҳи Қӯр бо роҳи баҳри Қулзум кӯч карданд, то ки замини Адӯмро давр зананд; ва дар роҳ тоқати қавм тоқ шуд.
5
Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».
6
Ва Худованд морҳои заҳрдорро ба зидди қавм фиристод, ва онҳо қавмро заҳр заданд; ва мардуми зиёде аз исроилиён мурданд.
7
Ва қавм назди Мусо омада, гуфтанд: «Мо гуноҳ кардем, ки аз Худованд ва аз ту шикоят намудем; сӯи Худованд дуо гӯй, то ки моронро аз мо дур кунад». Ва Мусо барои қавм дуо гуфт.
8
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ мори заҳрдоре бисоз, ва онро бар сари ходае бимон; ва ҳар моргазида, агар ба он назар кунад, зинда хоҳад монд».
9
Ва Мусо мори мисине сохта, бар сари ходае монд; ва ҳар гоҳ касеро мор заҳр мезад, ҳамин ки вай ба мори мисин назар мекард, зинда мемонд.
10
Ва банӣ‐Исроил кӯч карда, дар Ӯбӯт ӯрду заданд.
11
Ва аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе‐Аборим, дар биёбоне ки рӯ ба рӯи Мӯоб, ба тарафи тулӯи офтоб аст, ӯрду заданд.
12
Ва аз он ҷо кӯч карда, дар водии Зорад ӯрду заданд.
13
Аз он ҷо кӯч карда, ба он тарафи Арнӯн, ки дар биёбон берун аз ҳудуди амӯриён мебошад, ӯрду заданд; зеро ки Арнӯн сарҳади Мӯоб, дар миёни Мӯоб ва амӯриён аст.
14
Бинобар ин дар китоби ҷангҳои Худованд гуфта шудааст: «Аз Воҳиб, ки дар Суфа аст, ва аз водиҳои Арнӯн гузаштем,
15
Ва низ аз ҷараёнгоҳи водиҳо, ки ҷониби мавқеи Ор майл мекунад, ва ба ҳудуди Мӯоб мепайвандад».
16
Ва аз он ҷо ба Баир кӯч карданд. Ин ҳамон чоҳест, ки Худованд дар бораи он ба Мусо гуфт: «Қавмро ҷамъ кун, то ки ба онҳо об диҳам».
17
Он гоҳ исроилиён ин сурудро сароиданд: «Лабрез шав, эй чоҳ! — бисароед ба он, —
18
Чоҳе ки мирон онро ҳафра задаанд, наҷибони кавм бо чӯбдаст ва асоҳои худ онро кандаанд». Ва аз биёбон ба Маттоно кӯч карданд.
19
Ва аз Маттоно — ба Наҳалиил, ва аз Наҳалиил — ба Бомӯт,
20
Ва аз Бомӯт — ба Гай, ки дар кишвари Мӯоб, бар қуллаи Фисҷа воқеъ аст, бар қуллае ки бар рӯи биёбон қад кашидааст.
21
Ва Исроил ба Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, қосидонро фиристод, то ки бигӯянд:
22
«Хоҳишмандам, ки аз заминат убур кунам; ба киштзор ва токзор дохил нахоҳем шуд, аз оби чоҳ нахоҳем нӯшид; бо шоҳроҳ хоҳем рафт, то даме ки аз ҳудуди ту убур кунем».
23
Вале Сиҳӯн барои убур кардани Исроил аз ҳудуди худ роҳ надод; ва Сиҳӯн тамоми кавми худро ҷамъ кард, ва ба пешвози Исроил ба биёбон баромад, ва ба Ёҳас расида, бо Исроил ҷанг кард.
24
Ва Исроил варо ба дами шамшер зада, заминашро аз Арнӯн то Яббӯқ ва то банӣ‐Аммӯн тасарруф намуд, зеро ки сарҳади банӣ‐Аммӯн мустаҳкам буд.
25
Ва Исроил ҳамаи ин шаҳрҳоро гирифт, ва Исроил дар ҳамаи шаҳрҳои амӯриён, дар Ҳешбӯн ва дар тамоми деҳоташ сокин шуд.
26
Зеро ки Ҳешбӯн шаҳри Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён буд, ва ӯ бо подшоҳи пештараи Мӯоб ҷанг карда, тамоми замини варо то Арнӯн аз дасташ гирифта буд.
27
Бинобар ин ровиён мегӯянд: «Ба Ҳешбӯн биёед, шаҳри Сиҳӯн бино ёфта, обод мешавад!
28
Зеро ки оташе аз Ҳешбӯн баромад, ва алангае аз шаҳри Сиҳӯн; Ор‐Мӯобро сӯзонид, ва соҳибони баландиҳои Арнӯнро.
29
Вой бар ҳоли ту, эй Мӯоб! Ба ҳалокат расидед, эй қавми Камуш! Писарони ҳудро гуреза гардонид ва духтарони худро ба Сидӯн, подшоҳи амӯриён, ба асирӣ дод.
30
Ва мо ба онҳо тир андохтем, ва Ҳешбӯн то Дибӯн нобуд шуд; ва онҳоро то Нуфаҳ, ки назди Мидбо мебошад, харобазор гардондем».
31
Ва Исроил дар замини амӯриён маскан гирифт.
32
Ва Мусо фиристод, ки Яъзирро ҷосусӣ намоянд, ва деҳоти онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он ҷо буданд, бадар ронданд.
33
Ва тоб хӯрда, ба роҳи Бошон баромаданд, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, бо тамоми қавми худ ба муқобили онҳо берун омад, то ки назди Адрай ҷанг кунад.
34
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавмаш ва заминаш ба дасти ту месупорам, ва бо вай ончунон амал хоҳӣ кард, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, амал кардӣ».
35
Ва ӯро бо писаронаш ва тамоми қавмаш зарба заданд, ба тавре ки касе аз онҳо боқӣ намонд, ва замини ӯро тасарруф карданд.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36