bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 29
Numbers 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 30 →
1
Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед; бигзор он барои шумо рӯзи навохтани карнайҳо бошад.
2
Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор, ҳафт барраи нари яксолаи беайб;
3
Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ду ушр барои ҳар қӯчқор,
4
Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра;
5
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, то ки шуморо кафорат намояд,
6
Ба иловаи қурбонии сӯхтании навмоҳ ва ҳадияи ордии он, ва қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он, ва ҳадияҳои рехтании онҳо бар тибқи дастури онҳо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.
7
Ва дар рӯзи даҳуми ин моҳ бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад, ва шумо ҷонҳои худро азият диҳед; ҳеҷ кор накунед.
8
Ва қурбонии сӯхтание барои Худованд ҳамчун атри гуворо тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола, ки барои шумо беайб бошад.
9
Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ду ушр барои як қӯчқор,
10
Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра,
11
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии гуноҳи рӯзи кафорат ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.
12
Ва дар рӯзи понздахуми моҳи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед, ва иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед.
13
Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: сездаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор ва чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад.
14
Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов аз он сездаҳ наргов, ду ушр барои ҳар қӯчқор аз он ду қӯчқор,
15
Ва як ушр барои ҳар барра аз он чордаҳ барра,
16
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
17
Ва дар рӯзи дуюм: дувоздаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
18
Ва ҳадияҳои ордии онҳо ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
19
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.
20
Ва дар рӯзи сеюм: ёздаҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
21
Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
22
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
23
Ва дар рӯзи чорум: даҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
24
Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
25
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
26
Ва дар рӯзи панҷум: нӯҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
27
Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
28
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
29
Ва дар рӯзи шашум: ҳашт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
30
Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
31
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияҳои рехтании он.
32
Ва дар рӯзи ҳафтум: ҳафт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
33
Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
34
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
35
Дар рӯзи ҳаштум бигзор ҷашн барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
36
Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: як наргов, як қӯчқор, ҳафт барраи нари яксола, ки беайб бошад.
37
Ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои наргов, қӯчқор ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
38
Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
39
Инҳоро барои Худованд дар идҳои худ тақдим намоед, ба иловаи назрҳо ва хайроти худ: қурбониҳои сӯхтании худ ва ҳадияҳои ордии худ ва ҳадияҳои рехтании худ ва қурбониҳои саломатии худ».
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36