bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 4
Numbers 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 5 →
1
Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
2
«Банӣ‐Қаҳотро аз миёни банӣ‐Левӣ бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор овар,
3
Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
4
Кори банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ қудси қудсҳост.
5
Ва ҳангоме ки кӯч кардани ӯрду лозим шавад, Ҳорун ва писаронаш дохил шуда, пардаи пӯшандаро фурӯд меоваранд, ва сандуқи шаҳодатро бо он мепӯшонанд.
6
Ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он мегузоранд, ва аз болояш чодире ки комилан лоҷувардист, паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
7
Ва бар мизи нони тақдим чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва табақҳо ва қошуқҳо ва косаҳо ва дӯлчаҳои рехтаниро бар он мегузоранд; ва нони доимӣ бояд бар он бошад.
8
Ва бар онҳо чодири қирмизӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
9
Ва чодири лоҷувардие гирифта, чароғдон ва чароғҳояш ва анбӯрҳояш ва маҷмарҳояш ва тамоми колои равғанашро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, мепӯшонанд.
10
Ва он ва тамоми колояшро дар болопӯше аз пӯсти тӯҳс мегузоранд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
11
Ва бар қурбонгоҳи тилло чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
12
Ва тамоми колои хизматро, ки бо онҳо дар қудс хизмат мекунанд, гирифта, дар чодири лоҷувардӣ мегузоранд, ва онҳоро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
13
Ва қурбонгоҳро аз хокистар тоза карда, чодири арғувонӣ бар он паҳн мекунанд.
14
Ва тамоми колои онро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, — маҷмарҳо, чанголҳо, хокандозҳо ва косаҳо, — яъне тамоми колои қурбонгоҳро бар он мегузоранд, ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
15
Ва чун Ҳорун ва писаронаш дар вақти кӯч кардани ӯрду пӯшонидани қудс ва тамоми колои қудсро ба анҷом расонанд, пас аз он банӣ‐Қаҳот барои бардоштан меоянд; вале набояд ба қудс даст расонанд, вагар на хоҳанд мурд. Ҳамин аст боре ки бояд банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ бардоранд.
16
Ва таҳти назорати Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инҳо хоҳад буд: равған барои рӯшноӣ, ва бухури муаттар, ва ҳадияи ордии доимӣ, ва равғани тадҳин; назорат бар тамоми маскан ва бар ҳар чи дар он аст, яъне бар қудс ва бар колои он».
17
Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
18
«Сибти қабилаҳои қаҳотиёнро аз миёни левизодагон маҳв накунед,
19
Балки ба онҳо чунин рафтор намоед, то ки дар вақти наздик омаданашон ба қудси қудсҳо онҳо зинда монанд ва намиранд: бигзор Ҳорун ва писаронаш омада, ҳар якеро ба хизматаш ва назди бораш бимонанд;
20
Вале онҳо барои дидани он ки қудсро чӣ гуна мепӯшонанд, набояд биёянд, вагар на хоҳанд мурд».
21
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
22
«Банӣ‐Ҷершӯнро низ бар ҳасби хонадонҳо ва қабилаҳои онҳо дар шумор овар.
23
Аз сисола ва болотар то панҷоҳсола онҳоро дар шумор овар, яъне онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
24
Ин аст кори қабилаҳои ҷершӯниён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ:
25
Онҳо бояд ин чизҳоро бардоранд: пардаҳои маскан ва хаймаи ҷомеъ, болопӯши он ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс, ки бар он аз боло мебошад, ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,
26
Ва пардаҳои саҳн ва пардаи даромадгоҳи дарвозаи саҳн, ки гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ аст, ва танобҳои онҳо ва тамоми колои хизмати онҳо; ва ҳар кореро, ки бо ин чизҳо кардан лозим аст, онҳо бояд бикунанд.
27
Тамоми хизмати банӣ‐Ҷершӯн дар ҳар боркашонии онҳо ва дар ҳар кори онҳо бояд бо фармони Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оварда шавад; ва нигаҳбонии ҳар бореро, ки онҳо мекашонанд, ба зиммаи онҳо бигузоред.
28
Ҳамин аст хизмати қабилаҳои банӣ‐Ҷершӯн дар хаймаи ҷомеъ; ва назорати онҳо дар дасти Итомор ибни Ҳоруни коҳин аст.
29
Банӣ‐Марориро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадони онҳо дар шумор овар.
30
Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки хизмати хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд, дар шумор овар.
31
Ва ин аст вазифаи боркашонии онҳо дар тамоми хизматашон дар хаймаи ҷомеъ: тахтаҳои маскан ва ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш,
32
Ва сутунҳои гирдогирди саҳн ва пояҳошон ва мехҳошон ва танобҳошон бо тамоми колояшон ва тамоми хизматашон; ва колоеро, ки онҳо бояд бардоранд, ном ба ном дар шумор оваред.
33
Ҳамин аст кори қабилаҳои банӣ‐Марорӣ дар тамоми хизматашон дар хаймаи ҷомеъ зери дасти Итомор ибни Ҳоруни коҳин».
34
Ва Мусо ва Ҳорун ва раисони ҷамоат банӣ‐Қаҳотро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,
35
Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
36
Ва дар шумор овардашудагони онҳо, бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ду ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ нафар буданд.
37
Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои қаҳотиён, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амре ки Худованд ба воситаи Мусо фармуда буд, дар шумор оварданд.
38
Ва дар шумор овардашудагони банӣ‐Ҷершӯн, бар ҳасби қабилаҳо, ва хонадонҳои онҳо,
39
Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки дар ҳаймаи ҷомеъ кор кунанд, —
40
Ва дар шумор овардашудагони онҳо бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо, ду ҳазору шашсаду сӣ нафар буданд.
41
Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Ҷершӯн, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд дар шумор оварданд.
42
Ва дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо,
43
Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд, —
44
Ва дар шумор овардашудагони онҳо, бар ҳасби қабилаҳои онҳо, се ҳазору дусад нафар буданд.
45
Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд, ки ба воситаи Мусо фармуда шуда буд, дар шумор оварданд.
46
Ҳамаи дар шумор овардашудагоне ки Мусо ва Ҳорун ва раисони Исроил аз левизодагон бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,
47
Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки кори хизматрасонӣ ва кори боркашониро дар хаймаи ҷомеъ иҷро кунанд, —
48
Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони онҳо ҳашт ҳазору панҷсаду ҳаштод нафар буданд.
49
Бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ҳар яке аз онҳо ба хизматрасонӣ ва боркашонии худ таъин намуда ва дар шумор оварда шуданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
Recommended Reading
Commentary
Numbers Commentaries
→
Devotional
Numbers Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik (Китоби Муқаддас , ) Study Bible
→