bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Numbers 34
Numbers 34
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 35 →
1
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
2
«Ба банӣ‐Исроил амр фармуда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замини Канъон дохил шавед, ин аст замине ки ба шумо ҳамчун моликият хоҳад расид, яъне замини Канъон бо сарҳадҳояш:
3
Тарафи ҷанубии шумо аз биёбони Син дар паҳлуи Адӯм хоҳад буд; ва сарҳади ҷанубии шумо аз канори баҳри Намак ба тарафи шарқ хоҳад буд.
4
Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале‐Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш‐Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар‐Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.
5
Ва аз Асмӯн сарҳад ҷониби водии Миср тоб хоҳад хӯрд; ва канорҳояш назди баҳр хоҳад буд.
6
Ва сарҳади ғарбии шумо баҳри Бузург бо соҳили он хоҳад буд; ин сарҳади ғарбии шумост.
7
Ва сарҳади шимолии шумо чунин хоҳад буд: аз баҳри Бузург онро ҷониби кӯҳи Ҳӯр нишона намоед;
8
Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона намоед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.
9
Ва сарҳад ҷониби Зифрӯн хоҳад рафт, ва канорҳояш назди Ҳасар‐Эйнон хоҳад буд; ин сарҳади шимолии шумо хоҳад буд.
10
Ва сарҳади шарқиро барои худ аз Ҳасар‐Эйнон ҷониби Шафом нишона намоед.
11
Ва сарҳад аз Шафом ҷониби Рибло, аз тарафи шаркии Ойин фурӯд хоҳад омад; ва сарҳад боз фурӯд омада, аз тарафи шарқӣ ба соҳили баҳри Кинерет хоҳад расид.
12
Ва сарҳад ҷониби Урдун фурӯд хоҳад омад; ва канорҳояш назди баҳри Намак хоҳад буд. Ҳамин замин бар ҳасби сарҳадҳояш гирдогирд аз они шумо хоҳад буд».
13
Ва Мусо ба банӣ‐Исроил амр фармуда, гуфт: «Ҳамин аст замине ки онро шумо аз рӯи қуръа тақсим хоҳед кард, ки Худованд ба нӯҳу ним сибт додани онро амр фармудааст.
14
Зеро ки сибти банӣ‐Реубен бар ҳасби хонаводаи худ, ва сибти банӣ‐Ҷод бар ҳасби хонаводаи худ, ва нисфи сибти Менашше мулки худро гирифтаанд;
15
Ин дую ним сибт мулки худро аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ҷониби шарқ гирифтаанд».
16
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
17
«Ин аст номҳои касоне ки заминро барои шумо тақсим хоҳанд кард: Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун.
18
Ва як раисро аз ҳар сибт барои тақсим кардани замин бигиред.
19
Ва ин аст номҳои он касон: аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;
20
Аз сибти банӣ‐Шимъӯн — Шамуил ибни Аммиҳуд;
21
Аз сибти Биньёмин — Элидод ибни Кислӯн;
22
Аз сибти банӣ‐Дон — раис Буққӣ ибни Ёҷлӣ;
23
Аз банӣ‐Юсуф: аз сибти банӣ‐Менашше — раис Ҳанниил ибни Эфӯд;
24
Аз сибти банӣ‐Эфроим — раис Камуил ибни Шифтон;
25
Аз сибти банӣ‐Забулун — раис Элисофон ибни Фарнок;
26
Аз сибти банӣ‐Иссокор — Фалтиил ибни Аззон;
27
Аз сибти банӣ‐Ошер — раис Аҳиҳуд ибни Шалӯмӣ;
28
Аз сибти банӣ‐Нафтолӣ — раис Фадаҳъил ибни Аммиҳуд.
29
Ҳаминҳоянд, ки Худованд ба онҳо амр фармудааст, ки мулкро дар замини Канъон барои банӣ‐Исроил тақсим кунанд».
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 35 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36