bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 1
2 Corinthians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 2 →
1
Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ аст, ва бародар Тимотиюс ба ҷамоати Худо, ки дар Қуринтус аст, бо ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд:
2
файз ва осоиш аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
3
Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳамат ва Худои ҳар тасаллӣ,
4
ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасаллӣ медиҳад, то мо бо ҳамон тасаллие ки худамон аз Худо меёбем, андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасаллӣ дода тавонем.
5
Зеро ба андозае ки азобҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллии мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд.
6
Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасаллӣ ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи тоқат кардан ба ҳамон азобҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; агар тасаллӣ ёбем, ин барои тасаллӣ ва наҷоти шумост;
7
ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар азобҳо ва ҳам дар тасаллӣ шумо шарик ҳастед.
8
Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувват берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем;
9
ва мо дар дили худ ҳукмномаи маргро доштем, то ба худ боварӣ накунем, балки ба Худо, ки мурдагонро бармехезонад.
10
Ӯ моро аз чунин марг халос кард ва /ҳанӯз/ халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,
11
бо ёрии дуое ки шумо низ барои мо мегӯед, то барои он чи бо дуои касони бисёр ба мо ато шудааст, бисёриҳо барои шумо шукргузор бошанд.
12
Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳон, хусусан нисбат ба шумо дар покӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.
13
Зеро чизе ба шумо наменависем, магар он чи шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир мефаҳмед,
14
ҳамон тавре ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки барои шумо боиси фахр мешавем, чунон ки шумо низ барои мо дар рӯзи Худованд Исо.
15
Ва бо ҳамин эътимод ният доштам аввал назди шумо биёям, то дубора файз ёбед,
16
ва аз маҳалли шумо гузашта ба Мақдуния равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудия гусел кунед.
17
Пас, ҳангоме ки чунин ният кардам, оё сабукфикрона рафтор намудам? Ё он чи ман ният менамоям, оё ҷисмонӣ ният менамоям, ба тавре ки аз ман дар як вақт “ҳа, ҳа” ва “не, не” мешавад?
18
Худо вафодор аст, ки сухани мо ба шумо дар як вақт “ҳа” ва “не” набуд.
19
Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, “ҳа” ва “не” набуд, балки дар Ӯ танҳо “ҳа” буд,
20
Зеро ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ “ҳа” буд ва дар Ӯ “омин” буд, — барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо.
21
Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро масҳ кардааст, Худост,
22
ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст.
23
Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки ба шумо раҳм карда, то ҳол ба Қуринтус наомадаам.
24
На ин ки бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем, балки барои шодмонии шумо ҳамкорем; зеро дар имон пойдор ҳастед.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13