bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 5
2 Corinthians 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 6 →
1
Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо даст сохтанашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.
2
Аз ин рӯ мо оҳ мекашем, дар орзуи он ки хонаи худро, ки дар осмон аст, дар бар кунем:
3
то ки мо, либосе дар бар дошта, бараҳна ёфт нашавем.
4
Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кашем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда шавад.
5
Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро низ додааст.
6
Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем ва медонем, ки то даме ки дар бадан ҷой гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем,
7
зеро бо имон рафтор мекунем, на бо дидор.
8
Пас зиндадил ҳастем ва беҳтар меҳисобем, ки аз бадан берун рафта, назди Худованд ҷой гирем;
9
ва ба ин сабаб саъю кӯшиш менамоем, ки хоҳ дар ин ҷой бошем ва хоҳ набошем, ба Ӯ писанд афтем.
10
Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ҳар яке сазои амалҳоеро, ки дар бадан кардааст, гирад, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад.
11
Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворам, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорам.
12
Зеро худро ба шумо аз нав тавсия намекунем, балки ба шумо асосе медиҳем барои он ки аз мо фахр намоед, то ҷавобе дошта бошед барои онҳое ки бо чизи зоҳирӣ фахр менамоянд, на бо он чи дар дил аст.
13
Зеро, агар мо бехуд шуда бошем, ин барои Худост; ва агар солимфикр бошем, ин барои шумост.
14
Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: агар яке барои ҳама мурда бошад, пас ҳама мурданд.
15
Ва Ӯ барои ҳама мурд, то зиндаҳо акнун на барои худ зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки ба хотири онҳо мурд ва бархест.
16
Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро аз рӯи ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро аз рӯи ҷисм шинохта бошем, акнун дигар намешиносем.
17
Пас, касе ки дар Масеҳ аст, офаридаи навест; чизҳои қадима гузаштанд, инак ҳама чиз нав шудааст.
18
Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ оштӣ дод ва хизмати оштиро ба мо супурд,
19
чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ оштӣ дод, хатоҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи оштиро ба мо супурд.
20
Пас, мо сафирони Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳиш мекунад. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо оштӣ намоед.
21
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо гуноҳ сохт, то мо дар Ӯ росткории Худо шавем.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13