bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 10
2 Corinthians 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 11 →
1
Лекин ман, Павлус, ки ба ҳузури шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо нармдилӣ ва меҳрубонии Масеҳ насиҳат медиҳам;
2
ва илтимос мекунам, ки маро маҷбур насозед дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор барам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне нишон диҳам, ки ба гумонашон мо аз рӯи ҷисм рафтор менамоем.
3
Зеро, агарчи дар ҷисм рафтор мекунем, аз рӯи ҷисм намеҷангем;
4
зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо тавоност барои хароб кардани қалъаҳо;
5
мо ақидаҳо ва ҳар баландгириро, ки зидди дониши Худо бармехезад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем,
6
ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад.
7
Оё ба намуди зоҳирӣ менигаред? Агар касе ба худ эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор низ аз худ хулоса барорад, ки чунон ки вай аз они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем.
8
Зеро бо қудрате ки Худованд барои ободӣ, на барои харобии шумо, ба мо додааст, андаке бештар фахр намоям ҳам, хиҷил намешавам,
9
вале ба назар чунин натобад, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам,
10
чунки мегӯянд: “Номаҳо гарон ва пурзӯранд, аммо ҳузури шахсии ӯ суст, ва суханаш ночиз аст”.
11
Чунин шахс донад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чӣ гунае ки бошем, амалан дар ҳузури шахсӣ низ ҳамон гунаем.
12
Зеро ҷуръат намекунем худро бо касони худсито баробар кунем ё муқоиса намоем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд.
13
Лекин мо берун аз андоза фахр намекунем, балки ба андозаи он ҳудуди кор, ки Худо ҳамчун андоза барои мо муайян кардааст, то ба шумо ҳам расем.
14
Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем.
15
Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳудуди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш меёбад,
16
то дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳудуди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем.
17
“Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад”.
18
Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13