bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 9
2 Corinthians 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 10 →
1
Дар бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист,
2
зеро дилгармии шуморо медонам ва аз шумо пеши аҳли Мақдуния фахр менамоям, ки Охоия аз соли гузашта тайёр шудааст; ва ғайрати шумо аксариятро барангехтааст.
3
Бародаронро барои он фиристодам, ки фахри мо аз шумо беҳуда набошад, то шумо, чунон ки гуфтаам, тайёр бошед,
4
то ки, агар аз аҳли Мақдуния бо ман омада, шуморо тайёр наёбанд, мо, — намегӯем, ки “шумо”, — аз чунин эътимоде ки бо он фахр кардаем, хиҷил нашавем.
5
Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, ин хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.
6
Хуллас, касе ки кам мекорад, кам дарав мекунад, ва касе ки фаровон мекорад, фаровон дарав мекунад.
7
Бигзор ҳар кас мувофиқи хости дилаш диҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки бо хушӣ медиҳад.
8
Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро барои шумо афзун кунад, то ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзун бошед,
9
чунон ки навишта шудааст: “Тақсим кардааст: ба бенавоён додааст; росткории Ӯ то абад пойдор аст”.
10
Ва бигзор Он ки ба коранда тухм ва барои хӯрдан нон омода менамояд, кишти шуморо омода ва фаровон кунад ва самарҳои росткории шуморо рӯёнад,
11
то дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат сарватманд гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад.
12
Зеро ба ҷо овардани ин хизмат, на танҳо норасоии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ беандоза афзун мегардонад;
13
зеро дар натиҷаи ин хизмат онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои фармонбардории шумо ба Инҷили Масеҳ, ки эътироф менамоед, ва барои саховати кӯмаки шумо ба онҳо ва ба ҳама,
14
ва онҳо бо дуо дар ҳаққи шумо, ба хотири файзи Худо, ки дар шумо фаровон аст, хоҳони дидори шумоянд.
15
Ва Худоро шукр барои атои васфнопазираш!
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13