bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 7
2 Corinthians 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 8 →
1
Пас, эй азизон, дар ҳоле ки чунин ваъдаҳо дорем, худро аз ҳар нопокии ҷисм ва рӯҳ тоза карда, муқаддасии худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
2
/Дар дилҳои худ/ ба мо ҷой диҳед: мо ба касе беинсофӣ накардаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем.
3
На аз барои таъна мегӯям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то бо ҳам мурем ва бо ҳам зист кунем.
4
Умеди ман аз шумо бисёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми азобҳоямон, пур аз тасаллӣ ҳастам ва шодии фаровон дорам.
5
Зеро, вақте ки ба Мақдуния омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем: аз берун кашмакашҳо, аз дарун тарсҳо буданд.
6
Аммо Худое ки ба фурӯтанон тасаллӣ мебахшад, бо омадани Титус моро тасаллӣ дод,
7
ва на танҳо бо омадани ӯ, балки бо он тасаллие низ, ки ӯ дар шумо ёфта буд, вақте ки аз пазмонии шумо, аз гиряи шумо ва аз ғайрате ки дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ки ин маро бештар шод кард.
8
Бинобар ин, ҳарчанд шуморо бо нома ғамгин кардаам, пушаймон нестам, гарчи пушаймон ҳам будам; зеро мебинам, ки он нома шуморо соате бошад ҳам, ғамгин кард.
9
Акнун шодам на аз он ки ғамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ғами шумо мувофиқи /хости/ Худо буд, то аз мо ҳеҷ зиёне набинед.
10
Зеро ғаме ки мувофиқи /хости/ Худост, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дунё маргро ба амал меоварад.
11
Зеро бинед, ғаме ки мувофиқи /хости/ Худост, чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрро, чӣ гуна норизоиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна пазмониро, чӣ гуна ғайратро, чӣ гуна сазодиҳиро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.
12
Хуллас, агарчи ба шумо навишта будам, ин на ба хотири бадкор ва на ба хотири касе ки бадӣ дидааст, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо пеши рӯи Худо ба шумо ошкор гардад.
13
Ба ин сабаб мо аз тасаллии шумо тасаллӣ ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки рӯҳи ӯ ба воситаи ҳамаатон ором шудааст.
14
Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад.
15
Ва дили ӯ боз ҳам зиёдтар сӯи шумо моил мешавад, ҳангоме ки итоаткории ҳамаатонро ба ёд меоварад, ки чӣ гуна шумо ӯро бо тарсу ларз пазироӣ намудаед.
16
Пас шодмонам, ки дар ҳар чиз метавонам аз шумо дилпур бошам.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13