bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 11
2 Corinthians 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 12 →
1
Кошки беақлии маро андаке бардошт кунед! Лекин маро бардошт ҳам мекунед.
2
Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба Марди ягонае номзад сохтаам, то чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям.
3
Аммо тарси он дорам, ки чунон ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ончунон фикри шумо низ вайрон шуда, аз самимияте ки ба Масеҳ аст, рӯ тобад.
4
Зеро, агар касе омада, Исои дигареро мавъиза намояд, ғайр аз Он, ки мо Ӯро мавъиза кардем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, ғайр аз Он, ки гирифтед, ё Инҷили дигаре, ғайр аз он чи қабул кардед, шумо онро ба хубӣ бардошт менамоед.
5
Аммо ман гумон мекунам, ки аз он “расулони олӣ” ҳеҷ камӣ надорам.
6
Агарчи дар сухан моҳир нестам, аммо на дар дониш. Лекин мо аз ҳар хусус ба шумо комилан маълум ҳастем.
7
Оё ман гуноҳ кардам, ки худро хор кардам, то шуморо сарбаланд гардонам, чунки Инҷили Худоро ба шумо бемузд мавъиза намудам?
8
Ҷамоатҳои дигарро бо гирифтани музд ғорат кардам, то хизмати шуморо ба ҷо оварам.
9
Ва ҳангоме ки назди шумо буда, мӯҳтоҷӣ кашидам, ба касе гаронӣ накардам, зеро бародароне ки аз Мақдуния омаданд, норасоии маро пур карданд; худам низ худдорӣ намудам ва хоҳам намуд, то дар ҳеҷ чиз ба шумо гаронӣ накунам.
10
Бо ростии Масеҳ, ки дар ман аст, /мегӯям/: ин фахр дар кишварҳои Охоия аз ман кашида гирифта намешавад.
11
Аз чӣ сабаб? Оё аз он сабаб ки ман шуморо дӯст намедорам? Худо медонад!
12
Аммо он чи мекунам, боз ҳам хоҳам кард, то фурсати онҳоеро беасос кунам, ки фурсат меҷӯянд, то дар он чи фахр мекунанд, худро бо мо баробар созанд.
13
Зеро онҳо расулони дурӯғин ва коргузорони фиребгар ҳастанд, ки шакли расулони Масеҳро мегиранд.
14
Ва ин аҷиб нест, зеро худи шайтон шакли фариштаи нурро мегирад.
15
Бинобар ин кори бузург нест, ки агар хизматгузорони вай низ шакли хизматгузорони ростиро гиранд; лекин оқибаташон аз рӯи корҳояшон мешавад.
16
Боз мегӯям: касе маро беақл наҳисобад; ва агар чунин набошад, маро ақаллан ҳамчун беақле қабул кунед, то ман ҳам андаке фахр намоям.
17
Он чи мегӯям, на аз ҷониби Худованд мегӯям, балки гӯё аз рӯи беақлӣ, бо чунин эътимоде ки дар фахр аст.
18
Азбаски бисёр касон ҷисмонӣ фахр мекунанд, ман низ фахр мекунам.
19
Зеро шумо, ки боақл ҳастед, беақлонро бо майли тамом бардошт менамоед.
20
Зеро, агар касе шуморо ғулом гардонад, агар касе ҳаққи шуморо хӯрад, агар касе шуморо ғорат кунад, агар касе худро баланд гирад, агар касе шуморо торсакӣ занад, шумо ӯро бардошт менамоед.
21
Бо хиҷолат мегӯям, ки гӯё қуввати мо ба ин корҳо нарасидааст. Лекин агар касе дар чизе ҷуръат дошта бошад, аз рӯи беақлӣ мегӯям, ки ман низ ҷуръат дорам.
22
Онҳо ибронӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Исроилӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Насли Иброҳим ҳастанд? Ман низ ҳастам.
23
Хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Чун касе ки ақлашро гум кардааст, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар заҳматҳо бештар, дар зери зарбаҳо аз андоза берун, дар зиндонҳо бештар, дар чанголи марг борҳо.
24
Панҷ бор аз яҳудиён як кам чил тозиёна хӯрдам;
25
се бор маро калтаккорӣ карданд, як бор сангсор карданд, се бор киштии ман ғарқ шуд, як шабонарӯзро дар баҳр гузарондам;
26
борҳо дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халқҳо, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони дурӯғин,
27
дар меҳнат ва дар заҳмат, борҳо бе хоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, борҳо дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ.
28
Ғайр аз чизҳои дигар, ҳар рӯз ғамхорӣ дар бораи ҳамаи ҷамоатҳо бар дӯши ман аст.
29
Касе беҳол шавад, оё ман беҳол намешавам? Касе ба васваса афтад, оё ман намесӯзам?
30
Агар фахр кардан лозим бошад, аз нотавонии худ фахр мекунам.
31
Худо ва Падари Худованд Исои Масеҳ, ки то абад муборак аст, медонад, ки дурӯғ намегӯям.
32
Дар Димишқ волии подшоҳ Ҳорис шаҳри димишқиёнро посбонӣ карда, мехост маро дастгир намояд;
33
ва маро аз тиреза дар сабад аз девори шаҳр фуроварданд, ва ман аз дасти вай халос шудам.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13