bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 3
2 Corinthians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 4 →
1
Оё боз худро тавсия намоем? Оё чун баъзеҳо, ба тавсияномаҳо ба шумо ё тавсияномаҳо аз шумо эҳтиёҷ дорем?
2
Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд;
3
зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиёҳӣ, балки бо Рӯҳи Худои зинда, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст.
4
Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба воситаи Масеҳ,
5
на ба он сабаб ки мо қобилият дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки қобилияти мо аз Худост,
6
ки Ӯ ба мо қобилият додааст, то хизматгузорони Аҳди Нав бошем, на аз рӯи ҳарф, балки аз рӯи Рӯҳ, зеро ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.
7
Лекин агар хизмати марг, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣ-Исроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки гузарон буд,
8
пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад?
9
Зеро, агар хизмати маҳкумкунӣ ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад.
10
Зеро ҳатто он чи соҳиби ҷалол шудааст, дар муқоиса бо ин ҷалоли беандоза, ҷалоле надорад.
11
Зеро, агар чизи гузарон ҷалол дошта бошад, пас чизи бобақо хеле зиёдтар дар ҷалол аст.
12
Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем,
13
ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то банӣ-Исроил ба анҷоми чизи гузарон назар наандозанд.
14
Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он дар Масеҳ бартараф мешавад.
15
Лекин то имрӯз, ҳангоме ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст;
16
аммо ҳангоме ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад.
17
Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист.
18
Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, монанди он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13